Имрӯзҳо тамоми вазорату муассисаҳои Тоҷикистон аз фаъолияти солонаашон натиҷагирӣ менамоянд.
Дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар ҷаласаи Шӯрои олимон, аз фаъолияти муассиса дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 директори Институт Шариф Хоҷаев ҳисобот дод.
Дар ҳисобот таъкид шуд, ки дар соли 2023, олимони Институт тибқи 8 мавзўи фармоишӣ ва 3 лоињаи байналмилалӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи хок аз таназзулшавӣ ва мубориза ба ҷараёни сел, беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои шўршудаву санглох, тарҳрезии истифодаи мақсадноки нуриҳои маъданию органикӣ, баландбардории ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок ва генезис, тасниф ва харитасозии хок ва ғ. корҳои таҳқиқотии худро мавриди пажӯҳиш қарор дода, ба хоҷагидорон доир ба самаранок истифода бурдани замин, нуриҳои микробиологӣ, пешгирии хок аз шӯршавии дубора ва таназзулёбӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида тавсияҳои асоснок илмӣ пешниҳод гардиданд.
Ҳамзамон, дар 2402 адад намунаҳои хоку оби шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Файзобод, Вањдат, Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Хуросон, Кўшониён, Ҷ. Балхӣ, Дўстӣ, Ҷайҳун, Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ховалинг, Нуробод, Лахш, Конибодом, Спитамен, Исфара, Истаравшан, Хуҷанд ва Панҷакент ташхис гузаронида, аз натиҷаҳои он ба истифодабарандагони замин маълумотнома пешниҳод шуд. Инчунин аз ҷониби олимони Институт намунаҳои хоки “Боғи дўстии Тоҷикистону Ўзбекистон”, Боғи Хуталон, биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхис гузаронида шуда, хусусиятҳои таркиби хок ва ғизонокии онро муайян намуданд.
Ҷиҳати татбиқи илм дар истеҳсолот, Институти хокшиносӣ ва агрохимия бо мақсади тарҳрезӣ ва истеҳсоли нуриҳои микробиологӣ (Азотобактерин) таљњизоти муосир барои омўзиш ва хати истеҳсоли нуриҳои мазкур ворид ва васл гардид. Натиљаи дастовардҳои корҳои таҳиқотӣ бо истифода аз нуриҳои микробиологӣ дар кишти картошкаи навъи “Ред скарлет” дар Хоҷагиҳои деҳқонии “Муҳаммад”-и ноҳияи Дўстӣ, “Лутфуллои Н”-и ноҳияи Ҷайҳун ва Пойгоҳи таҷрибавии Вањдати шаҳри Ваҳдат, дар масоњати 1,2 га амалӣ гардид. Олимони институт бо истифода аз нуриҳои микробиологӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Дўстии вилояти Хатлон ва дар Пойгоҳи Тангаии шаҳри Ваҳдат усулҳои инноватсионии ба даст овардани чор ҳосили зироатҳои кишоварзиро татбиқ намуданд.
Дар соли ҷорӣ аз ҷониби олимони институт 1 китоб,1 монография, 2 дастури илмӣ, 2 тавсиянома ва 29 маќолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳои даврӣ мунташир шудаанд.
Олимони Институт барои тарғибу таблиғи дастовардњои илмӣ дар мавзӯҳои муҳими соҳа тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радио суҳбату мусоҳибаҳо ва андешаронӣ намудаанд.
Мутахасисону олимони муассиса дар рафти баргузории 27 конференсияҳои байналмилалию ҷумҷуриявӣ, форум, мизи мудаввар, семинарҷои илмию амалӣ ва минтақавӣ, рўзҳои саҳроӣ ва дигар чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, маърӯзаҳо намуданд.
Боиси хушнудист, ки соли равон докторанти Институт Зокирхоҷа Солиев дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” ширкат намуда, барандаи дипломи ҷойи сеюм дар даври ҷумҳуриявӣ гардид.
Дар ин Шӯро Раёсати Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон тибқи ҷадвали баргузории ҷаласаи ҷамъбастии солонаи фаъолияти муассисаҳои илмии АИКТ дар соли 2023, санаи 21.12.2023 ҷаласаи солонаи фаъолияти Институтро баргузор намуд. Дар ҷаласаи мазкур ноиби Президенти АИКТ Амиршоев Ф., Х. Ятимзода муовини президенти АИКТ, Ҳасан Асоев корманди бахши иттилоот, машварат ва татбиқи дастоварҳои илмии АИКТ, раёсати Институт, мудирони шуъбаҳо, стансияву пойгоҳҳо ва олимону кормандон иштирок намуданд. Иштирокдорон қарори маҷлиси љамъбастии солонаи Институтро баррасӣ намуда, чунин натиљагирӣ карданд. Гузориши Директори Институти хокшиносӣ ва агрохимия Хоҷаев Ш.И. доир ба фаъолияти солонаи Институт дар соли 2023 қаноатбахш дониста шавад.