Баргузории ҳамоиши илмӣ дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Сешанбе, 25-уми Июни соли 2024

     Имрӯз дар мавзуи «Саҳми олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ҳадафи стратегии кишвар-таъмини амнияти озуқаворї», дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф (30.05.2024) ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
     Дар кори ҳамоиш меҳмонони даъватшуда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВАО ва дигар ниҳодҳои дахлдор, ҳамзамон академикҳо, аъзоҳои вобастаи АИКТ, роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва зерсорхторҳои онҳо ширкат доштанд.

Тоҷикӣ

Суратгузориш: Аз ҷараёни шанбегӣ дар Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Шанбе, 22-уми Июни соли 2024

     22.06.2024. Имрӯз дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ шанбегӣ доир гардид, ки дар он олимону мутахассисон фаъолона ширкат намуда, алафҳои худрӯй ва  гирду атрофи бинои асосии Институтро тоза карданд.

 

Тоҷикӣ

Суратгузориш: Аз ҷараёни шанбегӣ дар Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Ҷумъа, 14-уми Июни соли 2024

Дар   шанбегии   Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ олимону мутахассисон  иштирок намуда, як гурӯҳ гирду атрофи бинои асосии Институтро рубучин ва алафҳои худрӯи онро тоза карданд. Гурӯҳи дигар бошад, дар кори сохтмони гармхонаи доимоамалкунанда саҳми худашонро гузоштанд.

Тоҷикӣ

Суратгузориш: Сохтмони гармхонаи доимоамалкунанда дар назди бинои Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар арафаи анҷомёбист

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Ҷумъа, 14-уми Июни соли 2024

     14.06.2024. Сохтмони  гармхонаи доимоамалкунанда дар назди бинои муассиса дар ҳолати анҷомёбист. Қобили ёдоварист, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Амонулло Салимзода Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,  Раёсати Институти хокшиносӣ ва агрохимия сохтмони чунин як гармхонаро роҳандозӣ мекунад.

     Мақсад аз сохтмони ин гармхона  дар амал иҷро намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар истеҳсолот мебошад.

Тоҷикӣ

Намояндаи Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат"-барандаи яке аз мақомҳо шуд

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Шанбе, 01-уми Июни соли 2024

     01.06.2024. Дар  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат"-ро натиҷагирӣ ва пирӯзиёни онро муайян карданд. Довталабон дар бахшҳои мухталифи  озмун байни якдигар рақобат намуда, ғолибони даври ноҳиявӣ ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

     Қурбоналӣ Салимов номзади илмҳои биологӣ аз Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар бахши ихтироъкорӣ ва навъоварӣ ширкат намуда, барандаи мақоми III - юм гардид.

Тоҷикӣ

Суратгузориш аз оғози сохтмони гармхонаи доимоамалкунанда дар назди бинои Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Ҷумъа, 31-уми Майи соли 2024

     Раёсати Институти хокшиносӣ ва агрохимия, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Амонулло Салимзода Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, дар назди бинои муассиса ба сохтмони гармхона шурӯъ намуд.

     Ҳадаф аз сохтмони гармхонаи доимоамалкунанда дар амал татбиқ намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад.

 

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ