Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Ҷумъа, 03-уми Феврали соли 2023 • Updated on Шанбе, 09-уми Сентябри соли 2023

Санаи 03.02.2023 дар толори Институти хокшиносӣ ва агроҳимияи АИКТ бо иштироки ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Хуршед Ятимзода, сармутахассиси шуъбаи итилооти АИКТ Ҳасан Асоев ва аҳли кормандони Институти хокшиносӣ ва агроҳимия ҷаласа васеъ оид ба шарҳу тавзеҳоти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор гардид.

Сараввал ҷаласаи тантанавиро муовини директор оид ба илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ Салимов Қ.Ҳ. оғоз намуда, меҳмононро ба ин махзани илму таълим хайрамақдам намуд.

Сипас барои пешниҳоди шарҳу тавзеҳи Паём сухан ба Ҳасан Асоев дода шуд. Ў дар баромадаш иброз дошт; Чунон ки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.

Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.

Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт.

Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.

Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид.

Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.

Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамчунин иброз доштанд, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.

Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд.

Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.

Инчунин, агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.

Ҳамчунин, дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад.

Тавре ки борҳо зикр намудам, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.

Ҳоло талаботи бозори истеъмолии мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 фоиз таъмин гардида истодааст.

Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикргардида талаботи аҳолии мамлакат бо равғани истеҳсоли худӣ беш аз 70 фоиз таъмин мегардад.

Хотирнишон менамоям, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрасӣ ба манзил яке аз самтҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ шуморида,  ќайд намуданд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд.

Аз соли 2000-ум то соли 2022-юм ҳаҷми солонаи ба истифода супоридани манзил аз 245 ҳазор метри мураббаъ ба зиёда аз 1,5 миллион метри мураббаъ расидааст.

Бо мақсади беҳтар кардани шароити зиндагии мардуми кишвар танҳо дар 10 соли охир 7,2 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди беш аз 14 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба аҳолии мамлакат ҷудо гардидааст.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ҷудо карда дода шудааст.

Бо ин мақсад 139 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, беш аз 9 миллион нафар шаҳрвандони мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд. Аз ин рў мо олимону кормандон ва кишоварзонро зарур аст, ки дучанд меҳнат намуда, ҳар порча замини зархезамонро самаранок истифода карда, оз он 2, 3 ва 4 ҳосили дилхоҳ ба даст биёрем.

Хотирнишон месозам, ки дар 70 соли то замони истиқлол ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

Устодони азиз ва ҳамкорони гиромӣ! Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масулияти том барои мо кишоварзон хотиррасон намуданд, ки вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус, ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.

Солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд.

Аз ҷумла соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд.

Дар натиҷа тайи панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфт.

Истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра 8 баробар зиёд шуда, ҳаҷми воридоти он 11 баробар кам гардид.

Дар панҷ соли охир ҳолати мелиоративии 50 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида, 13 ҳазор гектар замини нав аз худ ва 23 ҳазор гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиш ворид карда шуд.

Дар доираи супоришҳои додашуда таҷрибаи кишоварзони мамлакат вобаста ба маданияти заминдорӣ, бахусус, дар кишти такрорӣ ва гирифтани ҳосили иловагӣ беҳтар гардида, майдони кишти заминҳои такрорӣ дар панҷ соли охир аз 90 ҳазор гектар ба 213 ҳазор гектар расид.

Бо вуҷуди ин, имкониятҳо дар самти самаранок истифода бурдани обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва ҳосилнокии зироатҳо то ҳол пурра истифода нашудаанд ва чунин вазъ аз роҳбарону масъулин андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд.

Тибқи маълумот 85 фоизи заминҳои корами кишвар обёрӣ карда мешаванд ва беш аз 90 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ аз ин ҳисоб таъмин мегардад.

Дар баробари ин, истифодаи зиёда аз 40 фоизи заминҳои обёришаванда аз кори пойгоҳҳои обкашӣ вобаста мебошад.

Аз ин лиҳоз, ба роҳбарону мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супориш дода шуд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Бо ин мақсад, зарур аст, ки лоиҳаи барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои давраи миёнамуҳлат таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Саридораи геология ва Академияи илмҳои кишоварзӣ захираҳои мавҷудаи канданиҳои фоиданокро ҳамаҷониба таҳлил карда, доир ба имкониятҳои азхудкунии онҳо барои истеҳсоли нуриҳои маъданӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур созанд.

Инчунин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дар рафти ҷаласа олимону кормандон оид ба омўзиши паём суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ муовини директор оид ба илм, таълим ва тайёр кардани кадҳои илмӣ иброз дошт, ки мо ҳайати олимону мутахассисони Институт шукрона аз Истиќлолият шукронаи ободӣ ва шукронаи Ваҳдати миллиро мекунем, ки бо ташабус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони биҳиштосо ба дастовардҳи назаррас ноил гардида, мардуми шарафмунду соҳибтамаддун дар фазои сулҳу оромӣ ва якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд. Имрўз аҳли кормадони муассиса сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои рушду нумўи соҳаи илми кишоварзӣ саҳми бориз мегузорем.

Тоҷикӣ

Меню: