Таъсис

Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар асоси қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 8 марти соли 1951, дар заминаи Стансияи хокшиносию-мелиоративии ба номи Антипов-Каратаеви минтақаи Вахш таъсис дода шудааст ва солҳои аввали таъсисёбии худ ҳамчун Институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия ва баъдан ҳамчун институти илмию тадқиқотии хокшиносӣ фаъолият намудааст. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат институти илмию тадқиқотии хокшиносӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 215 аз 2 майи соли 2008 аз нав ҳамчун «Институти хокшиносӣ» номгузорӣ шуда, тобеъи бевоситаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Институт дар асоси Оиннома, ки аз ҷониби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, аз 25- майи соли 2008 тасдиқ гардидааст ва Шаҳодатномаи шахси ҳуқуқии аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-августи соли 2008, таҳти №001-5342 аз қайди давлатигузашта фаъолият менамояд. Шумораи умумии кормандони Институт дар якҷоягӣ бо зерсохторҳо 158- нафарро ташкил дода, аз онҳо 55 нафарашон ходимони илмӣ, 17 – номзади илм, 3 – доктори илм, 1 академик ва 2 узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошанд.

Тоҷикӣ