Тибқи қарори Раёсати АИКТ «Дар бораи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалӣ дар муассисаҳои илмии АИКТ дар соли 2024» 24 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Файзобод семинари илмию амалии минтақавӣ дар мавзуи «Технологияи пешгирӣ намудани таназзулёбии хокҳои ҷигарранги карбонатӣ дар шароити Тоҷикистони Марказӣ» баргузор гардид. Дар кори семинар Амонулло Салимзода президенти Академияҳои илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, Рудакӣ, Ваҳдат ва инчунин хоҷагидорону деҳқонон (фермерон), шахсони инфиродӣ, олимони муассисаҳои илмии Академияҳои илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва беҳдошти замин ширкат доштанд.
Нахуст иштирокчиёнро Мансур Каримзода раиси ноҳияи Файзобод хайра мақдам намуда, ба кори семинари илмӣ муваффақият орзу кард.
Амонулло Салимзода зимни суханронӣ баргузории чунин семинарро дар ин минтақа муҳим арзёбӣ карда таъкид намуд, ки пешгирӣ намудани омилҳои таназзули заминҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ, барои баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва ба даст гирифтани маҳсулоти босифати боғу токзор ва зироатҳои кишоварзӣ, беҳдошти заминҳои лалмию обӣ, пешгирӣ аз таназзулёбии замин, таҳкими ҳамкориҳо байни Институти хокшиносї ва агрохимия ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Файзобод ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, баланд бардоштани малакаи хоҷагидорон бобати истифода бурдани нуриҳои менералӣ ва органикӣ дар заминҳои таназзулшуда, ҷиҳати зиёд намудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар бахши таъмини амнияти озуқавории кишвар яке аз тадбирҳои судманд маҳсуб меёбад.
Олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимия Шариф Аминов, Қурбоналӣ Салимов, Файзигул Каримова ва Гулниссо Некушоева дар мавзуъҳои «Таназзулёбии хокҳои Тоҷикистон ва мубориза бар зидди он», «Технологияи истифодабарии нуриҳои микробиологӣ дар шароити хокҳои Тоҷикистони марказӣ», «Бонитетнокии хокҳо нисбат ба дараҷаҳои гуногуни эрозияи онҳо дар Тоҷикистони марказӣ» ва «Мубориза бар зидди таназзули ҷарӣ бо усулҳои ҷангалию мелиоративӣ» баромад намуда, таъкид доштанд, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва истифодабарандагони замин, ҷиҳати беҳтар намудани ҳосилхезии хок аз нуриҳои минераливу органикӣ самаранок истифода бурда, корҳои агротехникиро риоя намоянд.
Дар ҳолати роҳандозӣ намудани тавсияи олимону мутахассисони соҳа деҳқонон метавонанд заминҳои худро аз коҳиш ёфтани ҳосилхезии хок, ҳолати бади обию физикии заминҳои обӣ ва лалмӣ, инчунин шусташавии қабати ҳосилхезии замин эмин нигаҳ доранд.
Дар бахши назариявии семинар олимон ширкаткунандагонро бо таҷрибаҳои илмӣ - саҳроӣ, аз ҷумла қитъаи намоишӣ ҷиҳати захира кардани намӣ дар шароити тағйирёбии иқлим дар суфазинаҳо бо усулҳои мухталифи рӯйпушкунӣ, барқароркунии чарогоҳҳо бо истифода аз нуриҳои минералӣ ва такмилдиҳии усулҳои зидди таназзулёбӣ дар нишебзаминҳо аз наздик шинос намуданд.
Тибқи таҳлили олимону мутахассисони Институт дар қитъаи таҷрибавии Карсанги ноҳияи Файзобод сабаби асосии пастшавии ҳосилхезӣ ва маҳсулнокии замин, ин риоя накардани корҳои агротехникӣ, аз меъёр зиёд чарондани чорво, коркарди нодурусти нишебзаминҳо, аз ҷумла шудгори замин бо равиши нишебӣ, коҳиши дараҷаи гумуснокии хок, истифодаи ғайрисамараноки нуриҳои минералию органикӣ, маҳдудияти дастрасии деҳқон ба захираҳои молиявию моддӣ, нархи баланди мавод ва воситаҳои истеҳсолӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва дигар омилҳо маҳсуб меёбанд.
Таваҷҷуҳи бештари кишоварзонро истифодаи маҳлули 5%-и нуриҳои микробиологии «Азотобактерин» ҷалб намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкории олимону хоҷагидорон даъват ба амал оварданд.
Амонулло Салимзода изҳор дошт, ки дар навбати аввал деҳқонон нуриҳои микробиологии «Азотобактерин»-ро дар зироатҳои гуногун ба таври ройгон истифода баранд. Баъди натиҷаи дилхоҳ ба даст овардан ҷонибҳо метавонанд дар ҳамкорӣ бо олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимия ин нуриҳоро дар ҷараёни кишту кор мавриди истифода қарор диҳанд.
Дар кори семинар масъулини соҳаи кишоварзӣ ва олимон иброз доштанд, ки ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус доир ба самаранок истифода бурдани нишебзаминҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии боғу токзор ва чарогоҳҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин қарору супоришҳои дахлдор ба тасвиб расидааст. Олимон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар чанд даҳсолаи охир 95% заминҳои Тоҷикистон дар ҳолати таназзулшавӣ қарор доранд.
Аз ҳамин лиҳоз, инсоният бояд ҳар як сантиметри хокро босамар истифода бурда,барои ҳифзи он чораҳои зарурӣ андешад. Чунки хок манбаи муҳими аксари ғизоии мо ҳастанд. Бе хоки солим организмҳои зинда дар сайёра зинда монда наметавонанд.