ДАР ДУШАНБЕ ҶАШНИ МЕҲРГОН БО ШУКӮҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Якшанбе, 20-уми Октябри соли 2024

     20.10.2024. Имрӯз дар МД “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-и пойтахт дар сатҳи давлату ҳукумат “Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ”, ҳамчунин “Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал”, “Иди себ ва ангур” ва “Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ” бо шукӯҳу ҷалол баргузор гардид.

     Дар ин чорабинӣ Сулаймон Зиёзода муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбон Ҳакимзода Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амонулло Салимзода президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ ва роҳбарону намояндагони вазорату кумитаҳо, агентиҳои кишвар, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, намоядагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сарраёсат ва раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои кишвар, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, як гурӯҳ сафирони муқими шаҳри Душанбе ва сокинону меҳмонони пойтахт ширкат намуданд.

     Боғ аз субҳ фазои идона дошт ва бо мусиқиву рақсу суруд ҷашни Меҳргон оғоз гардид. Ҳамзамон дар ҷашнгоҳ деҳқонон ва кишоварзони ҷумҳурӣ дастранҷи худро  ба мисли навъу намудҳои гуногуни зироат, меваҷоту сабзиҷвот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти олимони соҳаи кишоварзиро дар маърази тамошо гузоштанд. Ҳамчунин сокинону меҳмонони дохилӣ ва хориҷии пойтахт намудҳои мухталифи Оши паловро, ки ошпазҳои шинохта аз манотиқи гуногуни кишвар даъват шуда омода ва таҳия карда, пешниҳоди иштирокдорон ва меҳмонони ҷашнгоҳ  намуданд.

     Дар як гӯшаи боғ ҳунармандони кишвар ҳунарҳои дастӣ ва  мардумии худро дар маърази намоиш гузошта буданд. Баъд аз шиносоӣ бо намоишгоҳи меҳргонӣ Сулаймон Зиёзода муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳозирин ва меҳмонони дар Иди Меҳргон иштирок доштаро аз номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат табрик гуфта, барои дастовардҳои беҳтарин дар соҳаи кишоварзӣ ва дар сатҳи боло созмон додани  ин иди аҷдодиамон  изҳори миннатдорӣ намуд.

     Аз ҷумла, дар Иди Меҳргон тамоми олимон, мутахассисон ва кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимия фаъолона ширкат намуданд. Аз ҷониби муассисаи мо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, нушобаҳо, шириниҳо, меваҳои тозаву тар ва хушкмеваҳое, ки дар соли равон ҷамъоварӣ ва хушконидашуда ба намоиш гузошта шуд.

     Ҳамзамон хони меҳргонӣ иборат аз меваҳои тозаву хушкмеваҳо ва шириниҳо марбут ба ин ҷашн бо суфраи арғувонӣ ороста шуда буд, ки ба ҳамагон писанд омад.

     Дар чорабинии мазкур диплом, сипоснома, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва хоҷагии беҳтарин, инчунин ба як қатор вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар сатҳи боло доир намудани Иди Меҳргон қадрдонӣ шуданд.

     Иди Меҳргон бо як барномаи фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон поён ёфт.

     Иди Меҳргон ба ҳамаи ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ фархунда бод!

 

 

Тоҷикӣ

Меню: