Сохтори Институт

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Душанбе, 05-уми апрели соли 2021

Сохтори ҳозираи Институт ва ҳайати кормандон

Дар сохтори Институт 8 шуъба ва озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку растанӣ ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд:
1. Шуъбаи генезис, тасниф ва харитасозии хок;
2. Шуъбаи биологияи хок ва тарҳрезии нуриҳои микробиологӣ;
3. Шуъбаи агрохимия;
4. Шуъбаи баланд бардоштани ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок;
5. Шуъбаи мониторинг ва ҳифзи хок аз эрозия;
6. Шуъбаи мелиоратсияи хок;
7. Шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳо;
8. Шуъбаи илм, таълим ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ;
9. Озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку растанӣ.
Инчунин  дар сохтори Институт бахши муҳосибот, нозири кадрҳо, қисми хизматӣ, ду Стансияҳои таҷрибавии хокшиносию-мелиоративии Вахш ва Суғд, ду пойгоҳ - пойгоҳи минтақавии таҷрибавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Файзобод, Тангаи, Хоҷа Оби Гарм) ва пойгоҳи таҷрибавии Хуросон фаъолият карда истодаанд.

Шумораи умумии кормандони Институт
Шумораи умумии кормандони Институт дар якҷоягӣ бо зерсохторҳо 158- нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 3 нафар академики  Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, 1 нафар доктори илм, 18 нафар номзади илм ва 54 нафарашон ходимони илмӣ мебошанд.

Дар сохтори Институт шуъбаҳо ва озмоишгоҳи зерин ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд:

  1. Шуъбаи генезис, тасниф ва харитасозии хок;
  2. Шуъбаи биологияи хок;
  3. Шуъбаи агрокимиё;
  4. Шуъбаи баланд бардоштани ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок;
  5. Шуъбаи ҳифзи хок аз эрозия;
  6. Шуъбаи мелиоратсия;
  7. Шуъбаи иттилоотию машваратӣ ва таълим;
  8. Озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку рустанӣ.

Инчунин дар сохтори Институти хокшиноси корхонаҳои зертобеъ аз қабили 2 Стансияи таҷрибавии хокшиносию-мелиоративии Вахши (ноҳияи Бохтар) дар вилояти Хатлон буда ва дар вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъгардида, 3 пойгоҳҳои таҷрибавии Файзобод, Ваҳдат ва Хуросон ва 1 такягоҳи илмии Хоҷа Оби Гарм амал мекунанд.

  • Стансияи таҷрибави хокшиносӣ-мелиоративии вилояти Суғд. Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 1969 таъсис ёфта, барои омӯзиши масъалаҳои шӯрии хокҳо ва баланд бардоштани ҳосилхезии хокҳои кӯҳнаобёришудаи қисмати шимолии Тоҷикистон машғул мебошад. Стансия дар мувозинаи худ барои корҳои илми-таҷрибавӣ 4 га замин дорад, ки аз он 2,7 га замини корам мебошад
  • Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Вахш, ки дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон воқеъ гардидааст, соли 1936 таъсис ётааст ва барои омӯзиши масоили беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон машғул мебошад. Майдони умумии 63 га замин мавҷуд буда, аз ҷумла 14 га роҳҳо, заҳбуру заҳкашҳо ва ҷуйҳо, 1 га боғи куҳна ва инчунин 47 га замини корами обиро ташкил медиҳад.
  • Пойгоҳи «Карсанги»-и ноҳияи Файзобод соли 1965 таъсис ёфтааст. Дар ин пойгоҳ дар самти беҳтарсозии маҳсулнокӣ дар нишебизаминҳо, ҳифзи хок аз эрозия ва роҳҳои нигоҳдорӣ ва ҷамъ намудани намии табии хок дар шароитҳои лалмӣ, бо роҳҳои рӯйпушкунонӣ (мулчирование) ва кишти маҳсулоти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ, тадқиқотҳо бурда мешаванд. Майдони умумии пойгоҳ 35 га замини лалмии талу тепаҳоро ташкил медиҳад.
  • Пойгоҳи таҷрибавии «Оби - Киик» воқеъ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон соли 1978 таъсис ёфтааст ва дар ин ҷо дар самти беҳтарсозии маҳсулнокӣ дар нишебизаминҳо, ҳифзи хок аз эрозия ва роҳҳои ниғоҳдорӣ ва ҷамъ намудани намии табии хок дар шароитҳои лалмӣ, аз руи масъалаҳои азхудкунии нишебизаминҳо ва шинонидани дарахтони мевагӣ ва ангурзор бо усули борони сунъӣ ва обёрии қатрагӣ, тадқиқотҳо бурда мешаванд.
  • Пойгоҳи таҷрибави «Тангаӣ» воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, соли 1964 таъсис ёфта, доир ба мубориза бар зиди эрозияи хок дар шароити хокҳои ҷигарранги карбонатии нишебизаминҳо тадқиқотҳо гузаронида мешаванд.

Такягоҳи илмии «Хоҷа Оби Гарм» воқеъ дар ноҳияи Варзоб, ки дар соли 1976 таъсис дода шудааст ва дар ин такягоҳ масъалаҳои шусташавии хок, бунёди чарогоҳҳо дар заминҳои наздикуҳӣ ва баландкӯҳҳо омӯхта мешаванд.

Тоҷикӣ
PDF: 

Меню: