Панҷшанбе, Май 26, 2022

Семинари илмию - амалии минтаавӣ дар мавзӯи«Технологияи коркард ва самаранок истифодабарии нуриҳои узвию микробиологӣ дар зироаткорӣ»

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Панҷшанбе, 26-уми Майи соли 2022

     Санаи 26-майи соли 2022 дар пойгоҳи илми- таҷрибавии Хуросони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳия  Хуросон семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзӯи «Технологияи коркард ва самаранок истифодабарии нуриҳои узвию микробиологӣ дар зироаткорӣ» баргузор гардид. 
Дар семинар намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, сардорони раёсати кишоварзии ноҳияҳои вилоят, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкат варзидаанд.

Тоҷикӣ