Сешанбе, Ноябр 14, 2023

Татбиқи барномаи глобалии табибони хок

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Сешанбе, 14-уми Ноябри соли 2023

     Бо дастгирии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” санаи 14-уми ноябри соли ҷорӣ дар доираи Зеркомпоненти 3:2 Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Ташкилоти озуқавории кишоварзӣ ФАО семинари илмӣ - амалӣ оид ба “Татбиқи барномаи глобалии табибони хок”-ро  баргузор гардид.

     Семинари омўзишӣ барои мутахассисони соҳаи хокшиносӣ ва хоҷагидорон буда, аз санаи 14.11 то санаи 18.11.2023 ба мўҳлати 5 рӯз идома меёбад. Мутахассисони соҳа дар ин мудат нозукиҳои кори илми хокшиносӣ ва идоракунии ҳосилхезии хокро аз бар намуда, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва гирифтани ҳосили дилхоҳ мусоидат хаҳанд кард.

Тоҷикӣ