Ҷумъа, Декабр 22, 2023

Ҳисобот аз фаъолияти Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Ҷумъа, 22-уми Декабри соли 2023

     Имрӯзҳо тамоми вазорату муассисаҳои Тоҷикистон аз фаъолияти солонаашон натиҷагирӣ менамоянд.
     Дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар ҷаласаи Шӯрои олимон, аз фаъолияти муассиса дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 директори Институт Шариф Хоҷаев ҳисобот дод.
     Дар ҳисобот таъкид шуд, ки дар соли 2023, олимони Институт тибқи 8 мавзўи фармоишӣ ва 3 лоињаи байналмилалӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи хок аз таназзулшавӣ ва мубориза ба ҷараёни сел, беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои шўршудаву санглох, тарҳрезии истифодаи мақсадноки нуриҳои маъданию органикӣ, баландбардории ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок ва генезис, тасниф ва харитасозии хок ва ғ. корҳои таҳқиқотии худро мавриди пажӯҳиш қарор дода, ба хоҷагидорон доир ба самаранок истифода бурдани замин, нуриҳои микробиологӣ, пешгирии хок аз шӯршавии дубора ва таназзулёбӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида тавсияҳои асоснок илмӣ пешниҳод гардиданд.
     Ҳамзамон, дар 2402 адад намунаҳои хоку оби шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Файзобод, Вањдат, Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Хуросон, Кўшониён, Ҷ. Балхӣ, Дўстӣ, Ҷайҳун, Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ховалинг, Нуробод, Лахш, Конибодом, Спитамен, Исфара, Истаравшан, Хуҷанд ва Панҷакент ташхис гузаронида, аз натиҷаҳои он ба истифодабарандагони замин маълумотнома пешниҳод шуд. Инчунин аз ҷониби олимони Институт намунаҳои хоки  “Боғи дўстии Тоҷикистону Ўзбекистон”, Боғи Хуталон, биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхис гузаронида шуда, хусусиятҳои таркиби хок ва ғизонокии онро муайян намуданд.

Тоҷикӣ