Сешанбе, Январ 23, 2024

САДА – ҶАҲОНӢ ШУД!

Ношир: Ношир Санаи интишор: Сешанбе, 23-уми Январи соли 2024

Сада, ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам, ёдгор аст.

     Имсол Тоҷикистон ҷашни Садаро, ки ба феҳристи ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардид, дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шукӯҳ таҷлил менамояд.
Дар аввалҳои моҳи декабри соли гузашта, дар шаҳри Касани Ҷумҳурии Ботсвана, ҷаласаи 18-уми Кумитаи байнидавлатӣ доир ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО доир гардид. Дар ин ҷаласа намояндагони кишварҳои узв ширкат намуда, номинаи муштараки Тоҷикистон ва Эрон – “Ҷашни Сада” ба феҳристи меросии ғайримодии башарият сабт шуд.
     Дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи ҷашну маросимҳои бостонии ориёӣ ва дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангиву маънавӣ, оммавӣ намудани ҳар кадоми онҳо, бахусус ҷаҳонӣ шудани ҷашни Сада паёме барои насли ояндаи мо аст. Барои мардуми   тоҷик истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард,  ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро мутобиқ  бо шароити  замонавӣ таҷлил намоянд.

Тоҷикӣ