ИСТИФОДАИ НУРИҲОИ МИКРОБИОЛОГӢ ДАР КИШТИ ТАКРОРӢ
12.07.24. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон кишти такрорӣ дар ҷараён аст. Аз ин фурсати муносиб ҳам деҳқонон ва олимони соҳаи кишоварзӣ истифода бурда, дар манотиқи мухталифи кишвар зироатҳои ба ин мавсим мутобиқро кишт мекунанд.
Аз ҷумла, олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар 0, 5 га замини ноҳияи Кушониён марбут ба Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Вахш дар кишти такрорӣ ду намуд лубиёи сурх ва сафедро бо маҳлули 5% нурии микробиологии “Азотобактерин” мавриди истифода қарор доданд.