ДАР ТОҶИКИСТОН СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ ГАРДИД
01.09.2024. Имрӯз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави хониш дар тамоми мактабҳои миёна ва олии кишвар оғоз гардид, ки ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз муассисаҳои таълимӣ ташриф меоваранд ва бо намояндагони илму маориф мулоқот менамоянд.
Имсол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияи Сино муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди истифода қарор дода, дар оғози соли нави таҳсили 2024-25 ширкат намуданд.