Санаи 27.10.2022 дар толори муассиса Шӯрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба кори ҷаласа раиси Шӯро Хоҷаев Шариф ҳусни оѓоз бахшида, роҷеъ ба масъалаи якуми рӯзнома суханонӣ намуданд.
Сипас оид ба масъалаи якуми рӯзнома «Баррасии масъалаҳои вобаста ба татбиқи дастовардҳои илмии институт дар истеҳсолот» муовини директор оид ба илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ Салимов Қурбоналї., дар бобати мавзӯи дуюми рӯзнома «Баррасии натиҷаҳо оид ба амалигардонии нақша чорабиниҳои АИКТ баҳри иҷрои Барномаи давлатии рушди АИКТ барои солҳои 2021-2025” котиби илмӣ Ёқубҷон Уроқов ва доир ба масъалаи сеюми рӯзнома «Муҳокимаи иҷроиши корҳои илмию истеҳсолӣ дар зерсохторҳои институт” муовини директор оид ба истеҳсолот Асадуллозода Абдулло баромадҳои муфассал намуданд.
Дар музокираи масъалаҳо аъзоёни Шӯро суханронӣ намуда, дар хусуси мушкилиҳои ҷойдошта ибрози назар карданд. Ҳамчунин барои боз ҳам рушду пешрафти соҳа роҳбарияти муассиса ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд
Дар интиҳои ҷаласа пешдифои рисолаи доктории унвонҷӯ, н.и.к Солиев Зокирхӯҷа баррасӣ гардид.