Санаи 23.06.2023 дар толори муассиса Шӯрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба кори ҷаласа раиси Шӯро Шариф Хоҷаев ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба масъалаи якуми рӯзнома оид ба баррасии натиҷаи фаъолияти илмию таҳқиқотии Институт дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 сухан ба котиби илмӣ Уроқов Ё. дода шуд. Ӯ дар баромадаш оид ба фаъолияти нимсолаи муассиса муфассал баромад намуда, чунин иброз дошт: Институти хокшинисӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кашвар фаъолияти худро дар ҳошияи Паёми Президенти ҶТ, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, супоришҳо ва қарору фармоишҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ ба роҳ монда, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ дар самти хокшиносӣ ва агрохимия корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.
Дар доираи амалӣ намудани лоиҳаи грантӣ “Омодакунии нуриҳои микробиологӣ “Азотобактерин” дар намуди обакӣ ва хока бо роҳи технологияи инноватсионӣ барои гирифтани чор ҳосили зироатҳо дар як сол”, ворид гардидани таљҳизотҳо барои хати истеҳсоли нуриҳои микробиологӣ ва оғоз намудани истеҳсоли он, гузаронидани конфронсу семинарҳо ва рӯзҳои саҳроӣ яке аз дастоварди инноватсионии назаррас ба ҳисоб меравад.
Љиҳати иљрои дастуру супоришҳои Вазири кишоварзӣ, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон олимони Институт ба ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Қӯшониён, А.Ҷомӣ, Восеъ ва шаҳри Турсунзода сафарбар гардида, ба хоҷагидорон оид ба самаранок истифода бурдани ҳар порча замин, истифодаи нуриҳои микробиологӣ, пешгирӣ намудани хок аз шӯршавии дубора ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида тавсияҳои судманди илмӣ доданд.
Ҳамчунин аз ҷониби олимон ду тавсиянома, як дастури методӣ ва 16 мақолаи илмию омавӣ дар китобу маљаллаҳо ва матбуоти даврї ва 60 баромади олимон дар мавзӯҳои мубрами соҳа дар шабакаҳои радиоиву телевизионї инъикос гардиданд.
Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ зиёда 685 адад намунаҳои обу хоки минтақаҳои ҷумҳурӣ ташхис гардида, аз натиљаҳои он Раёсати АИКТ маълумотнома ирсол карда шуд.
Дар ин мудат бо супориши Вазорати кишоварзї ва Академияи илмҳои кишоварзии Тољикистон барои бунёди боғи Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Ҳисор деҳаи Шарора бунёд карда шуд, кормадони муассиса дастаљамона дар бунёд ва нигоҳубини ҳамешагии он саҳми арзанда мегузоранд.
Соли ҷорӣ ҷиҳати иљрои нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории конференсия, семинарҳои илмю амалии минтақавӣ, рӯзҳои саҳроӣ, фермерӣ ва мизи мудаввар дар ниҳодҳои муассиса аз ҷониби олимону мутассисони 11 чорабинии илмию амалӣ ба нақша гирифта шуда, то ин мудат 1 конференсия, 1 семинари илмию амалии минтақавї ва 2 рӯзи саҳрои дар ноҳияи Файзобод, н.Дӯстӣ ва Ҷайҳун баргузор карда шуд. Ҳамчунин олимон дар 17 чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, семинару конференсияҳои илмӣ иштирок намуда, оид ба бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта баромадҳо намудаанд.
Инчунин оид ба 8 мавзӯи лоиҳаҳои фармоишие, ки аз ҷониби олимону мутахассисони Институт амалӣ гардида истодааст ба аъзоён гузориши муфассал дода шуд.
Сипас доир ба масъалаи мазкур аъзоёнии шӯро Қараев Ш., Иброҳимов Н. ва Аминов Ш., саволҳо пешниҳод намуда, ба саволҳои додашуда љавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамчунин Хољаев Ш.И., Иброҳимов Н., Аминов Ш рољеъ ба ин масъала суханронї намуда, маърӯзаро қаноатбахш ҳисобиданд.
Дар интиҳои баромад оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта раиси шӯро Хољаев Ш.И., ба аҳли раёсат ва ниҳодҳои муассиса вазифаҳоро барои нимсола дуюми соли 2023 пешниҳод намуд.
- Тибқи нақша сари вақт баргузор намудани конференсияҳои илмию амалии љумҳуриявї, семинарҳои илмию амалии минтақавї, рӯзҳои саҳрої, мизи мудаввар ва апробатсияи корҳои илмию таҳқиқотии олимон.
- Истифодаи самараноки ҳар порча замини дар тавозундоштаи Институт
- Боз ҳам вусъат бахшидан ба корҳои илмию таҳқиқотї дар қитъаҳои таљрибавї аз љониби олимону мутахассисони соҳа.
- Барои сазовор таҷлил намудани 35- солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат додани корҳои бунёдкорӣ, ободонӣ ва сабзу хурамгардонӣ дар Институт ва зерсохторҳои он.
- Бунёди саривақтии ҳоҷатхона ва таъмири вагон дар СТМХ-и Вахш.
- Таъҷилан барқарор намудани гармхонаҳо барои парвариши лиму ва нигоҳубини он дар СТХМ-и Вахш.
- Барои ба кор оғоз намудани озмоишгоҳи СТХМ-и Вахш таҷҳизотҳои заруриро аз озмоишгоҳи муассиса ба озмоишгоҳи СТХМ-и Вахш таъљилан интиқол дода шавад.
- Барои таъмини кадрҳои баландихтисос дар магистратура ва докторантура сари вақт пешниҳод намудани магистрантон ва докторантон аз ҷониби кормандон ва ниҳодҳои муассиса дар соли хониши 2023.
- Заминҳои дар тавозунбудаи СТХМ-и Вахшро оқилона истифода бурда, дар он сари вақт гузаронидани кишти такрорї кишти лубиё 0.5 га, сабзӣ 2 га, турб 0.5 га, шалғам 0.5 га
- Аз натиљаи корҳои илмию таҳқиқотї омода намудани мақолаҳои илмї ва тавсияномаву дастурҳои методї.
- Таъљилан насб намудани лавҳаи СТХМ-и Вахш дар пештоқи даромадгоҳи стансия.
- Таъмини иљроиши саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мактубҳои вазорату кумитаҳо ва шахсони воқеӣ .
Шӯрои илмӣ қарор қабул намуд:
1. Ахбороти котиби илмӣ Уроқов Ё.П. оид ба баррасии натиљаи фаъолияти илмию таҳқиқотии Институт дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 бо дарназардошти ислоҳи камбудиҳо мусби арзёбї карда шавад.
2. Аз љониби директорони стансия, пойгоҳҳо ва олимону кормандони муассиса иљроиши саривақтии дастуру супоришҳо ба роҳ монда шавад.
3. Назорати иљрои қарори мазкур ба зиммаи муовини директор оид ба илм таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмї Салимов Қ.Ҳ. вогузор карда шавад.
Котиб Уроқов Ё.П.