Боздиди Президенти АИКТ аз Пойгоҳи минтақавии таҷрибавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Ҷумъа, 03-уми Майи соли 2024

     03.05.2024. Имрӯз Амонулло Салимзода Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо ҳамроҳии Шариф Хоҷаев директори Институти хокшиносӣ ва агрохимия зимни сафари корӣ ба Пойгоҳи минтақавии таҷрибавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии муассиса, бо ҷараёни кишту кори баҳории зироатҳои кишоварзӣ, инчунин аз қитъаҳои таҷрибавии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар доираи лоиҳаҳои фармоишӣ, вазъи феълии гармхонаҳои лимупарварӣ ва дигар намуди кору фаъолияти олимону мутахассисони қитъаҳои таҷрибавии Карсанг дар н. Файзобод ва Тангаӣ дар ш. Ваҳдат аз наздик шинос шуда, дар кишти картошка ширкат намуданд.
     Ҳамзамон Президенти АИКТ дар ҷараёни суҳбат ба роҳбарону мутахассисон доир ба самаранок истифода бурдани заминҳои боғу токзор ва гирифтани ҳосили дилхоҳ дар соли ҷорӣ, тавсияҳои судманд дод.

Тоҷикӣ

Меню: