ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ТОҶИКОН!

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Панҷшанбе, 08-уми Сентябри соли 2022

            Санаи 08.09.2022,  дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеъи олимону кормандон ва меҳмонон ҷамъомади тантанави бахшида ба 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Саравал чорабинии идонаро ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доктори илмҳои кишоварзӣ Амиршоев Файзулло оғоз намуда ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муқадаст табрик намуда иброз доштанд, ки Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзи ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмилали муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек усуворона қадам гузоранд. Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як макони беназир, бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод. То имрӯз дар муддати 31– соли истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маъориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва ғ. ба пешравиҳои зиёд ноил гардид. Сипас олимону кормандон ва ҷавонон ба сухан баромада аз моҳия ва бузургии ин ҷашн суханрони намуда дар васфи ватану меҳан шерҳо қироат кардашуд!

Шукри истиқлолу сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.

Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,

Шукри бому хонаву дар мекунем.

Тоҷикӣ