Иҷроиши корҳои агротехникӣ дар боғу токзори қитъаи таҷрибавии минтақаи “Карсанг”

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Душанбе, 19-уми Феврали соли 2024

      Яке аз корҳои мавсимии дарахтони мевадиҳанда, ҳангоми боришоти барф, ҷамъ ë шибакунии барф дар атрофи дарахтон мебошад. Санаи 19.02.2024 аз ҷониби кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимия атрофи дарахтони боғи қитъаи таҷрибавии “Карсанг” бо барф шиба карданд, ки ин технология метавонад дар оянда мӯҳлати гул шукуфоии дарахтонро ба ақиб партофта, захираи намиро таъмин намояд, ҳамзамон касалиҳо зараррасонҳои атрофи дарахтонро нобуд намояд.

       Ғун кардани барф дар атрофи дарахтони бо мақсади намиғундори дар оянда. Зер яъне сум кардани барф бо хотири дер об шудан мебошад. Барф оҳиста об шуда то чуқурии лозима меравад.

 

Тоҷикӣ

Меню: