Конститутсия - қонуни асосии ҳар кишвар

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Шанбе, 04-уми Ноябри соли 2023

Ҳама кишварҳои ҷаҳон бар асоси Конститутсияи худашон идора мешаванд, ки ин қонун дар ҳар як кишвар тасвиб шудааст ва масъалаҳои гуногуне, аз ҷумла идоракунӣ, муносибати ҳукумат ва шаҳрвандон, шеваи татбиқи ҳукумат ва ҳуқуқу вазифаҳо ба се нерӯ вобаста аст. Конститутсия дорои баҳсҳои муҳими давлатӣ аст ва ба унвони як роҳнамои умумӣ барои идоракунии ҳар як ҷомеа дар назар гирифта мешавад. Ҳамчунин барои тартиб ва идоракунии самарабахш низ хеле зарур аст. Ҳар чанд сол, қонунҳо метавонанд ҳамчун тағйирот ба конститутсия илова карда шаванд.

Вобаста ба аҳамияти Конститутсия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки “6 ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард”.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, нақши устувор дорад.Тибқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, дар арсаи байналмилалӣ онро эътироф намоянд.

Агар хоҳем, ки аз масъалаҳои мухталифи конститутсия огоҳ шавем, бояд бигӯем, ки дар он баҳсҳо ва қонуну низомномаҳо ба таври умум ва ҳукумат, тарзи идораи ҳукумат ва салоҳиятҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва ваколатхои судӣ муайян карда шудаанд. Вақте вазифаҳои нирӯҳои ҳукуматӣ муайян карда мешаванд, онҳо метавонанд бо истинод ба Конститутсия вазифаву масъулияти худро дар назди мардум ва ҷомеа иҷро намуда, ҳуқуқҳои мардум, аз ҷумла озодии қонунӣ ва дигар талабҳоро иҷро намоянд.

“Халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва муваззаф дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро эълон менамояд,” чунин омадааст дар пешгуфтори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Конститутсия ҳар як вожа маъниеро аз воқеияти сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли таърихи тайнамудааш ифода мекунад. Воқеан Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори баланди қонунӣ дошта, арзиши олии давлату миллат маҳсуб меёбад. Ҳамзамон Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз лиҳози мазмуни худ қонуни асосии мамлакат аст. Он поягузори давлати соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд аст, ки системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввалаш асосҳои сохтории онро муқаррар кардааст. Инчунин тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналмилалиро дар бар мегирад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Роҷеъ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар моддаи 14-уми боби дуюми Конститутсия зикр шудааст, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалиле, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегардад. Дар  моддаи 30-юми боби дуюми Конститутсия бошад омадааст,  ки ба ҳар шахс озодии нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаи ахбор кафолат дода шудааст. Инчунин мувофиқи моддаи 40-уми боби дуюми Конститутсия ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат намояд.

Қонуни асосии кишвар дар баробари ҳифз кардани ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандон мувофиқ ба моддаи 42-юми боби дуюм шахсро вазифадор мекунад, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Ва дигар талаботҳое, ки бевосиба ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мансубият дорад дар Конститутсия низ дарҷ гардидааст.

Дар таҳияи Конститутсия таҷрибаи пешқадами қонунҳои асосии давлатҳои мутараққии дунё дар назар гирифта шуда, он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони ҷаҳонӣ аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф гардидааст. Аз ҳама муҳим, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон дод, ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони пешрафта ворид шавем. Дар он заминаҳои ҳуқуқӣ барои фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ фароҳам оварда шудааст ва он оғози марҳалаи навини густариши давлат ва рушди ҷомеа гардида, мардуми тоҷикро ба ваҳдати миллӣ ва фаъолияти бунёдкориву созандагӣ роҳнамоӣ кардааст.

Қобили ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони ҳайати ИҶШС қарор доштанаш 4 дафъа, солҳои 1929, 1931, 1938 ва 1978 Коститутсия ба тасвиб расондааст. Конститутсияи соли 1994 баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷумин қонуни асосӣ аст, ки тариқи райъпурсии умумиҳалқӣ дар вазъияти мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қабул гардид. Новобаста аз вазъияти мураккаби сиёсӣ меъёрҳои он дар кишвар амал менамуд.        То ин муддат ба ин қонуни асосии кишварамон 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 аз тариқи ҳамапурсии саросарӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Коститутсияи қабул гардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисми асосӣ ташкил шудааст: қисми муқаддимавӣ, қисми матни асосӣ, қисми иловагӣ.

То ҳол коршиносони сиёсӣ ба чунин назаранд, ки Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлоли давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё кард ва барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Бисту нуҳ сол қабл мардуми тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдории хеш бори нахуст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсӣ қабул кард. Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ сокинони кишвар фаъолона ширкат намуданд. Ҳамасола 6-уми ноябр дар кишвари мо аз рӯзи ба тасвиб расидани Конститутсия, бо шукӯҳ таҷлил мегардад. Бинобар ин, ҷашн гирифтани рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, яке аз идҳои асосии мардуми кишвар маҳсуб гардида, дар саросари кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Тоҷикӣ

Меню: