Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар асоси қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 8 марти соли 1951, дар заминаи Стансияи хокшиносию-мелиоративии ба номи Антипов-Каратаеви минтақаи Вахш таъсис дода шудааст ва солҳои аввали таъсисёбии худ ҳамчун Институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия ва баъдан ҳамчун институти илмию тадқиқотии хокшиносӣ фаъолият намудааст. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат институти илмию тадқиқотии хокшиносӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 215 аз 2 майи соли 2008 аз нав ҳамчун «Институти хокшиносӣ» номгузорӣ шуда, тобеъи бевоситаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Институт дар асоси Оиннома, ки аз ҷониби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, аз 25- майи соли 2008 тасдиқ гардидааст ва Шаҳодатномаи шахси ҳуқуқии аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-августи соли 2008, таҳти №001-5342 аз қайди давлатигузашта фаъолият менамояд. Шумораи умумии кормандони Институт дар якҷоягӣ бо зерсохторҳо 158 – нафарро ташкил дода, аз онҳо 55 нафарашон ходимони илмӣ, 17 – номзади илм, 3 – доктори илм, 1 академик ва 2 узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошанд.
+992 227-19-79 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
























