МЕҲРГОН ҶАШНИ КИШОВАРЗОН

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Панҷшанбе, 05-уми Октябри соли 2023

     Рӯзи 15-уми октябр дар саросари Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосе дар  Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ “Иди Меҳргон, фестивал-намоиш ва фурӯши асал, шолию биринҷ ва техникаи кишоварзӣ” баргузор гардид.

    Дар ин фестивал маҳсулоти дастранҷи марди деҳқон аз сарорсари кишвар, аз ҷумла сабзиҷоту меваҷот, навъҳои гуногуни зироат, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти олимон вобаста ба соҳаро ба намоиш гузоштанд. Дар ин макон беҳтарин маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин хурокҳои миллӣ ва маҳсулоти саноеи дастӣ низ дар маърази тамошои меҳмонон ва сокинони пойтахт гузошта шуд. Дар ҷашни миллӣ аз ҷумла кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ бо дастовардҳои илмӣ ширкат намуданд.

        Лозим ба зикр аст,  ки тоҷикистониён аз соли 2009 инҷониб, яъне соли 15-ум аст  ҷашни Меҳргонро  таҷлил менамоянд. Ҳар   ҷашну ойин бо тақозо ва  ниёзи мардум эҳё мегардад ва тибқи гуфтаҳои муҳаққиқон Меҳргон таърихи се-чорҳазорсола дорад.

       Зинда мондани Меҳргон ин нишонаи он аст,  ки мардуми ориёинажод ба эҳёи ин ҷашн эҳтиёҷ  доранд.

       Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор пас аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузург аст, ки бо табиат ва кишоварзиву боғдорӣ иртиботи мустақим дошта, инъикоскунандаи решаҳои амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ мебошад.

       Фалсафаи ҷашни Меҳргон сипосгузорӣ аз офаридгор ба хотири неъматҳое аст, ки ба инсон арзонӣ дошта ва таҳкими дӯстӣ, муҳаббат ва меҳрварзӣ миёни инсонҳост. Меҳргон ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, рамзи озодихоҳӣ, додгариву додгустарӣ, ҳамбастагӣ ва намоди пайдоиши миллату ҳуввияти миллӣ аст.  

        Ҷашнвораи Меҳргон аз қадимтарин ойинҳои ориётаборони бостон аст. Меҳргон ё ҷашни Меҳр ба далели баробар шудани шабу рӯз ва дар оғози мавсими тирамоҳ баргузор мешавад.

Аз сӯи дигар, аз лиҳози тақвимӣ ва кайҳонӣ, Меҳргон ҷашни бардошти маҳсулоти кишоварзӣ ва ба самар расидани заҳмати кишту кори яксола аст.

Меҳргон бар ҳамаи тоҷикон ва ориётаборон хуҷаста бод!

Тоҷикӣ

Меню: