Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти илм

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Панҷшанбе, 16-уми Ноябри соли 2023

16.11.2023. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ мизи мудаввар дар робита ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти илм” баргузор гардид.

Дар он масъулини Академияи илмҳои кишоварзӣ, Институти хокшиносӣ ва агрохимия ва дигар муассисаҳои Академия ширкат намуданд. Нахуст бо сухани муқаддимавӣ Шариф Хољаев Директори Институти хокшиносӣ ва агрохимия чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Ӯ зимни суханронӣ аз нақш ва самтҳои гуногуни фаъолият ва хизматҳои шоистаи Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуд.

Сипас, Файзулло Амиршоев ноиби Президенти АИКТ дар мавзӯи “Президент ҳомии озодиҳои инсон ва  кафили Истиқлоли давлатӣ” таъкид дошт, ки: “Дар таърихи 16-уми  ноябри соли 1992 дар маркази вилояти Суғд, шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик хеле ҳассос, сарнавиштсоз ва мушкил баргузор гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли Президентии идораи давлат, Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳадафи таҷлил аз ин рӯз дар он аст,  ки шурӯъ аз ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунандаи густариш ва пойдории ояндаи  Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, дар доираи  Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, идоракунии президентӣ оғоз ёфт.”

Ҳасан Асоев корманди масъули АИКТ дар бахши илм аз татбиқи «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010 – 2020» ва Барномаи солҳои 2020-2040, бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзиро дар пойдорӣ ва пешрафти илми тоҷик хеле муҳим арзёбӣ карданд.

Инчунин дар кори мизи мудаввар олимон ва кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ аз нақши Сарвари давлати Тоҷикистон дар пешрафти илм, таваҷҷӯҳи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадрҳои ҷавон дар илм ва инчунин аз нуфузи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳовар, сарҷамъкунандаи миллат ва саҳмгузор дар рушду нумӯъ ва ободии Ватани азизамон, фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми Товикистон, ташаббускори ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва дигар хизмату заҳматҳояш маърӯзаҳо намуданд.

Қобили ёдоварист,  ки шурӯъ аз соли 2016 дар саросари Тоҷикистон 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳ ва бо баргузории конференсияиҳои илмӣ-амалӣ, мизи мудаввар, маҷлису гирдиҳамоиҳо бо иштироки кормандони тамоми муассисаҳо ва бахусус ҷавонони кишвар  ҷашн гирифта мешавад.

 

Тоҷикӣ

Меню: