Нишондодҳои умумии фаъолият дар 30 сол

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Душанбе, 12-уми апрели соли 2021

     Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар тули фаъолияти худ дар замони Шуравӣ ба бисёр комёбиҳои илмӣ ноил гаштааст, ки натиҷаҳои онҳо дар тамоми ҷабҳаҳои соҳаи кишоварзии мамлакат тадбиқ гардидааст. Пас аз пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, ки тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ру ба рушду нумуъ ниҳода буданд, рафти корҳои илмию тадқиқотӣ дар Институти хокшиносӣ ва агрохимия низ зина ба зина беҳтар гардида, ҳарчи бештар мавзӯҳои нави ба талаботҳои муосир ҷавобгу мавриди тадқиқотҳои илмии хокшиносию агрокимиё қарор дода шуданд, ки таҳлили амиқи онҳо чунин натиҷаю дастовардҳоро нишон медиҳанд:
     Дар самти тасниф ва харитасозии хок бо усулҳои аэрокайҳонӣ бо роҳи дешифрикунонии аксҳои сиёҳу сафеди кайҳонӣ захираҳои хоки минтақаҳои обии вилояти Қурғонтеппа (ҳозира қисмати водии Вахши вилояти Хатлон) омӯхта шуданд, ки дар натиҷа асосҳои агромелиоративии заминҳои ҳоҷагиҳои ин минтақа, ки аз ҳамдигар бо дараҷаҳои гуногуни ҳосилхезии хок фарқ мекунанд, муайян гардиданд.
Бори аввал дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон тарҳрезии шакли электронии «Харитаи хокҳои Тоҷикистон» дар миқёси 1:500 000 ва маҳзани маълумотҳо оид ба омилҳои табии-антропогении хокпайдошавӣ, аз он ҷумла заминистифодабарӣ ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа сарҳадоти болоӣ ва поёнии хокҳои ҷигарранги кӯҳӣ аниқ гардид, ки барои зиёд намудани захираи асосии майдонҳои боғу токпарварӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамаи ин тағйиротҳо ҳангоми таснифбандӣ ба назар гирифта шуда, ба харитаи хок тағъирот ворид мегардад.
     Дар самти биологияи хок гумуснокии хокҳои куҳии ҷигарранги карбонатдор тадқиқот шуданд. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки захираҳои бузурги хушки биологӣ ва гумус аз дараҷаи шусташавии хок ва экспозитсияи нишебиҳо вобастагии калон дорад. Дар водиҳои Вахш ва Ҳисор се дараҷаи ҳосилхезии хок (паст, миёна, баланд), аз ҷиҳати таъминот бо гумус ва моддаҳои ғизоии фаъоли нитрогенӣ, фосфор ва калий муқаррар гардиданд, ки нисбатан ба ин водиҳо дараҷаи миёна мансуб дониста шудааст.
     Таҳқиқотҳо оид ба омӯзиши таркиби фосфоритҳои ноҳияи Панҷакент муайян намуданд, ки зиёда аз 47% фраксияҳои аз 1 мм хурдтарро ташкил медиҳанд, ва дар онҳо аз 2 то 5 мг/кг фосфори фаъол мавҷуд мебошад.
     Бори аввал дар шароити заминҳои обӣ омузиши технологияи нулии коркарди асосии хок барои кишти гандум ва пахта дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон анҷом дода шуд. Муқаррар гардид, ки бе коркарди асосӣ, кишти пахта ва гандумро гузаронидан мумкин аст. Дар қитъаи таҷрибави дар муҳлати се сол бе коркарди асосии хок хусусиятҳои хок беҳтар гардида, арзиши асосии маҳсулоти пахта ва гандум паст гардид.

     Дар самти беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо олимони барҷастаи Институт Ҷумонқулов Ҳ.Ҷ., Макарова Л.Д. ва Солиев З.М. соҳиби ихтирои “Тарзи ташхиси бофтагии дараҷаи шӯрнокии хлоридии хок дар киштзори пахта” (соли 2011) гардиданд. Ихтирооти мазкур барои ташхиси шурнокии замин ва танзими таъсири он ба нашъунамои пахта таалуқ дорад.
Дар шароити норасоии об, истифодаи обҳои заҳбури барои обшӯйкунии заминҳои шӯр ва обёрии зироати пахта бо истифодаи омехтаҳои обҳои заҳбуру заҳкашҳо бо обҳои ширин дар шароити ноҳияи Носири Хусрав омӯхта, дар майдони 1500 га ва дар ноҳияи Ашт дар майдони 202 га дар истеҳсолот ҷорӣ карда шуда, самаранокии хуби он исбот гардид.
Технологияҳои ободнамоии ҷариҳо ва обкандаҳо, ки аз тарафи олимони Институт дар қитъаҳои намоишдиҳи пешниҳод шудааст аз ҷониби мушовирони Бонки Ҷаҳони ҳамчун дастоварди илми барои ҷори намудан дар водиҳои Зарафшон, Рашт, Ванҷ ва Данғара пешниҳод гардидаанд.

     Бо кӯмак ва дастгирии лоиҳаи МАГАТЕ озмоишгоҳҳои Институт бо асбобу лавозимотҳои замонавии ташхиси хоку растанӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Масалан дар давоми солҳои 2005-2010 стансияи автоматикии метеорологии намуди «SD Metos» барои мушоҳидаи обу ҳаво дар пойгоҳи таҷрибавии Карсанг, Гаммаспектрометр барои тавассути радионуклидҳо баҳо додани дараҷаи эрозияи хок бо 17 номгуи таҷҳизотҳои ба он таалуқдошта ва инчунин спектрометри атомию-адсорбсионии «Analist 200» ва спектрофотометри нави замонавии ALFA дар озмоишгоҳи Институт насб карда шуданд.
     Инчунин бо ёрии барномаи ИКАРДА дастгоҳи электронии «Green Seaker» дастрас карда шуд, ки он имконият медиҳад, то таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ бахусус ғаладонагиҳо бо моддаи ғизогии нитрогенӣ дар давраи нашъунамояшон муайян карда шавад.

     Усули идоранамоии намии хок дар шароити заминҳои лалмӣ бо тарзи рӯйпӯшкунонӣ дар бунёди боғу ангурзор коркарда шуда, бори аввал усули истифодаи радионуклидҳо Cs-137 барои муайян намудани дараҷаи эрозияи хокҳои ҷигарранги карбонатии кӯҳии ноҳияи Файзобод ба роҳ монда шуд;
     Тадқиқотҳои илмӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоти байналмилалии МАГАТЭ, Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи Ломоносов ва Филиали Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара, бо истифода аз таҷҳизоти спектрометри атомию адсорбсионии «Anylist-200» оид ба ташхису таҳлили изотопи нитроген-15-и нуриҳои нитрогенӣ тадбиқ гардиданд.
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти бонитетнокии хок, баҳодиҳии сифатнокии заминҳои лалмӣ ва обӣ дар минтақаи Тоҷикистони Марказӣ (ш.Ваҳдат, ш.Ҳисор, ш.Турсунзода, ҷамоати Ҷавонон ва такягоҳи Карсанги н.Файзобод) гузаронида шуданд. Дар натиҷа балҳои миёнаи заминҳо муайян карда шуда, вобаста ба ҳар як минтақаи тадқиқотӣ тавсияномаҳои махсус омода гардид. Инчунин вобаста ба минтақаҳои таҳқиқоти харитаҳои гумус ва балли бонитети таҳия гардидаанд.
     Олимони институт оид ба ихтирои «Системаи биореакториии анаэробии камандозаи бисёрсатҳа» ва дар ҳамкорӣ бо олимони Институти масоили амнияти биологӣ барои тайёр намудани нурии бактериядор (аз лӯндаҳои азотобактерин решаи растании лӯбиё) оид ба «Штамми бактерияҳои Rhizobium is taas-80Tj», “Тарзи шинонидани зироатҳои хоҷагии қишлоқ” дар давоми солҳои 2016-2020 соҳиби 5 патент гаштанд.
Технологияи пешқадами парвариши навъҳои интенсивии гандуми тирамоҳӣ дар хоҷагии кооперативи Мукаррамови ш.Исфара бо истифодаи меъёри N220P60K60 ҷорӣ гардид, ки дар натиҷа ҳосилнокии гандуми тирамоҳӣ ба 70-80 с/га расонида шуд.

     Дар шароити Тоҷикистони Шимолӣ усулҳои беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои шӯр ва санглох таҳия гардид, ки дар натиҷа хосиятҳои обу-физики хокҳо беҳтар гардида, маҳсулнокии замин ва ҳосилнокии зироатҳои киштшаванда баланд гардид ва дар зиёда аз 10 хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд дар масоҳати 251 га татбиқ карда шуд.
Бо ёрии мутахассисони китобхонаи Миллии Ҷумҳурӣ, шакли электронии ҷобаҷогузорӣ ва рақамии китобхонаи Институт ба миқдори 14 ҳазору 500 адад китоб тарҳрезӣ карда шуд.

Тоҷикӣ

Меню: