Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ғалаба

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, собиқадорони меҳнат, тамоми шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори ғалаба бар фашизми гитлерӣ самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар як сокини кишвар сулҳу оромӣ ва зиндагии босаодат орзу менамоям.

Як ҳақиқати ба ҳамагон маълум вобаста ба он ҷанги пурфоҷиа ин аст, ки пирӯзӣ бар фашизм маҳз дар натиҷаи муборизаи далерона ва қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ таъмин карда шуд.

Танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба даъват ва сафарбар карда шуданд.

Ин шумора дар он давра зиёда аз 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурии моро ташкил мекард.

Аз 300 ҳазор нафар беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок гардида, даҳҳо ҳазори дигар беному нишон шуданд ва аксари онҳое, ки аз ҷанг баргаштанд, маъюб буданд.

Дар шаҳру деҳоти ҷумҳурии мо садҳо ҳазор нафар кӯдакони ҷанговарони дар муҳорибаҳо ҳалокшуда ятим монданд.

Илова ба фиристодагони Тоҷикистон, ки дар майдони ҷанг ба хотири шикаст додани фашистон ва ҳимояи истиқлолу озодии халқҳо далерона меҷангиданд, калонсолон ва наврасону кӯдакон дар ақибгоҳ бо машаққати зиёд ва бо азоби гуруснагӣ шабу рӯз заҳмат мекашиданд.

Онҳо дар таъмини ҷанговарон бо озуқаворӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми бузург гузоштанд.

Мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди он, ки дар он солҳо худашон дар шароити бисёр вазнин қарор доштанд, даҳҳо ҳазор нафар занону кӯдаконро аз ҷумҳуриҳои дар хатти ҷабҳа қарордошта қабул карда, ҳамаи онҳоро бо ғамхорӣ фаро гирифтанд.

Сокинони Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои ҷамъкардаи худ барои таъмин кардани артиш бо силоҳу муҳимот ва техникаи ҷангӣ саҳми арзишманд гузоштанд.

Сабақҳои фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон башариятро ҳушдор медиҳанд, ки сулҳу оромӣ ва зиндагии бидуни ҷангу хунрезӣ неъмати бузург барои ҳар як инсон ва робитаҳои беғаразонаи ҳамкориву дӯстона дар байни халқу миллатҳо шарти муҳимми пешрафту тараққиёти давлатҳо мебошад.

Хусусан, дар шароити имрӯза, ки мардуми сайёраро таҳдиду хатарҳои муосир ва вазъи пурҳаводиси ҷаҳон, аз ҷумла кӯшишҳои азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», ҷангу низоъҳои диниву мазҳабӣ, терроризму ифротгароӣ ва мушкилоти дигар сахт ба ташвишу нигаронӣ овардаанд, мафҳумҳои «сулҳ», «оромӣ», «дӯстӣ», «ҳамдигарфаҳмӣ», «ҳамкорӣ» ва гуфтугӯи тамаддунҳо барои инсоният торафт маънии амиқтар ва аҳаммияту афзалияти бештар пайдо карда истодаанд.

Мардуми тоҷик, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон бори дигар дар таърихи муосири худ ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои   90-уми асри гузаштаро аз сар гузаронидаанд, даҳшату фоҷиаи онро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва ба қадри сулҳу субот бештар мерасанд.

Бинобар ин, мо бояд ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳушёр ва сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлона заҳмат кашем, Ватанамонро обод созем, давлатамонро неруманду пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Бо умеди таҳкими сулҳ дар саросари дунё бори дигар иштирокчиёну собиқадорони муҳтарами ҷангу меҳнат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи ғалаба бар фашизм самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватан тандурустиву хонаободӣ ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Рӯзи ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!

Манбаъ: 
http://president.tj/node/33379
Тоҷикӣ