Татбиқи барномаи глобалии табибони хок

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Шанбе, 18-уми Ноябри соли 2023

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Ташкилоти озуқавории кишоварзӣ ФАО, дар доираи Зеркомпоненти 3:2 тули панҷ рӯз (аз 14 -18.11.23.) семинари илмӣ - амалӣ ҷиҳати “Татбиқи барномаи глобалии табибони хок” идома дошт, дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” даври ниҳоии онро натиҷагирӣ намуд.

Дар семинари мазкур мутахассисони соҳаи хокшиносӣ, ки аз 24 хоҷагии ҷумҳурӣ ва Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ ҷалб гардида буданд, дар ин муддат нозукиҳои кори илми хокшиносӣ ва идоракунии ҳосилхезии хок бо усулҳои муосирро дар саҳро мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Шурӯъ аз 5 декабри соли ҷорӣ иштирокдорони ин семинар таҷрибаи омӯхтаи хешро барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии хокҳои ҷумҳурӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва гирифтани ҳосили дилхоҳ дар фаъолияти минбаъдаашон мавриди истифода қарор дода, дар манотиқи мухталифи кишвар ба кишоварзон тавсияҳои судманди илмӣ хоҳанд дод.

Тоҷикӣ

Меню: