ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ» ДАР ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Чоршанбе, 05-уми Октябри соли 2022 • Updated on Шанбе, 09-уми Сентябри соли 2023

Санаи 05.10.2022 дар маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии  Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рўзи забон»-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони муассиса ва намояндаи АИКТ ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд. Ҷамъомадро роҳбарияти муассиса ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори таҷлили «Рўзи забон»-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфтанд ва аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзу пойдории арзишҳои фарҳангии он ёдовар шуда, махсусан қайд карданд: Ҳамагон аз таърихи тамаддун огаҳ ҳастем, ки гузаштагони равшанфикри мо барои пойдории миллати худ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии он махсусан дар пойдору овидона мондани забони шевою волои тоҷикӣ то кадом андоза заҳматҳоиҷ зиёд кашидаанд ва ҷонбозиҳо кардаанд. Ҷашнгирии «Рўзи забон» яке аз падидаҳои мубораки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад, ки мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Истиқлолияти давлатӣ на танҳо ба асолати забони ноби тоҷикӣ мусоидат кард, балки ба рушду такомул, густариш ва болорафтани мақоми он шароити заруриро фароҳам овард. Махсусан, хидмату саъю талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ беназир аст. Сарвари давлат  дар бештари вохӯрию мулоқотҳояшон оид ба покизагии забон, нигаҳдории фарҳанги воло бо дилсӯзӣ ва эҳсоси масъулияти бузург сухан мегўянд ва дастуру супоришҳои муфид медиҳанд. Сипас котиби илмии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ  Ёкубҷон Уроқов оид ба “Забон ҳастии миллат”, Қараев Шариф “Покиза нигоҳ доштани забони волою шевои тољикӣ” ва Додова Рисолат “Забон ифодагари мақсаду маром” суханронӣ намуда, аз ашъори шоирон дар бобати забон шеърҳо қироат кард. Инчунин филми мустанаде, ки аз давраҳои пайдоиш ва нигоҳдории он дар замонҳои мушкил қисса мекард пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Дар фарҷом бори дигар кулли кормандон ва меҳмононро бо ин рўзи фархунда табрику муборакбод намуда, сиҳатмандиву сарбаландӣ, рузгори осуда ва комёбиҳои беназирро таманно намудаанд. Котиб  Уроқов Ё.П

Тоҷикӣ

Меню: