Таҷлили Иди тарбуз, харбуза ва каду дар Душанбе

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Якшанбе, 25-уми Августи соли 2024

     25 август Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  симои идона ба бар карда буд.  Аз субҳи зуд  иштирокдорони ид аз  тамоми шаҳру  ноҳияҳои Тоҷикистон  дар  ғурфаҳоиӯшаҳои) худ  навъҳои мухталифи маҳсулоти полезии тарбуз, харбуза ва кадуро,  ки дар кишвари мо  парвариш карда мешаванд,  дар намоиш  гузоштанд.

     Ҳамасола иди тарбуз, харбуза ва каду дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

     Имсол низ ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо шукӯҳ доир шуд.

          Аз ҷумла институтҳо ва сохторҳои зертобеи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  дар ин ид фаъолона ширкат карданд. Олимону мутахассисони  Институти  хокшиносӣ ва агрохимия  дар  хаймае, ки  дар он  тарзи  захираи  ин маҳсулоти серистеъмоли мардуми тоҷик дар қарнҳои гузашта ва имрӯзро  ба таври рамзӣ, инчунин  хурокиҳои бомаззаи аз  маҳсулоти каду таҳиягардидаи  худро дар маърази тамошо гузоштанд.

     Аз ин намоишгоҳ Сулаймон Зиёзода муовини сарвазири кишвар, Қурбон Ҳакимзода вазири кишоварзӣ, Амонулло Салимзода президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, намояндагони Мақомоти Иҷроияи ҳокимияти двлатии шаҳри Душанбе ва дигар роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дидан намуда, изҳор доштанд, ки таҷлили ин гуна идҳо дар кишвари мо ба ҳукми анъана даромадааст.

     Ҳамасола масъулини соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба ин ҷашнҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дастранҷи деҳқонони асили кишвар ва маҳсулоти ватаниро муаррифӣ менамоянд. Инчунин деҳқонон аз таҷриба, муваффақият ва дастовардҳои зироаткорони дигар минтақаҳои Тоҷикистон иттилоъ пайдо мекунанд.

     Ҳамзамон олимони соҳаи кишоварзӣ, дастоварду тадқиқоти илмии  анҷомдодаи худро дар бахши селексия, навъҳо ва тухмиҳои гуногуни  маҳсулоти тарбуз, харбуза ва каду бо тавсияву дастурҳои судманд пешниҳоди иштирокчиён намуданд.

     Дар интиҳои чорабинии кишоварзӣ ва фарҳангӣ  маҳсулоти полезӣ дар ин намоишгоҳ бо нархи нисбатан аз бозор арзон пешниҳоди сокинон ва меҳмонон  гардид.

Тоҷикӣ

Меню: