Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Панҷшанбе, 05-уми Октябри соли 2023

05.10.2023. Имрӯз бо иштироки кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, институтҳои хокшиносӣ ва агрохимия ва боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар иртибот ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардид.

Файзулло Амиршоев муовини аввали президенти АИКТ зимни суханронӣ аҳли толорро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона шодбош гуфта, таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ на танҳо ба асолати забони ноби тоҷикӣ мусоидат кард, балки ба рушду такомул, густариш ва боло рафтани мақоми он шароити заруриро фароҳам овард. Махсусан, хизмату саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ беназир аст. Сарвари давлат қариб дар ҳамаи вохўрию мулоқотҳояшон аз покизагии забон, нигаҳдории фарҳанги воло ва эҳсоси масъулияти бузург сухан мегўянд ва дастуру супоришҳои муфид медиҳанд.

Забони давлатии мо яке аз забонҳои қадима ба ҳисоб меравад ва аз ин лиҳоз бояд ҳар як фарди тоҷик забони давлатии худро дар имрӯз ва фардо ҳифз намояд.

Таъкид гардид, ки таи солҳои охир тамоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дар тамоми корхонаву муассисаҳои кишвар бо забони давлатӣ сурат мегирад. Навиштаҷоти шиор, овеза ва лавҳаҳо имрўз бо забони тоҷикӣ навишта мешавад, ки он ба биною утоқҳои кории корхонаҳо ҳусни нав зам мекунад.

Изҳори умедворӣ шуд, ки дар пойдорӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ дар имрӯз ва оянда ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд саҳмгузор бошанд.  

 

Тоҷикӣ

Меню: