Таҷлили Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АИКТ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Ҷумъа, 24-уми Ноябри соли 2023

Имрӯз 24-ноябри соли2023 дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон, ҳамоиши идона бо ҳузури намояндагони тамоми муассисаҳои зертобеи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонбаргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳии ҷаласа баъд аз садо додани суруди миллӣ Амиршоев Файзулло ноиби президенти АИКТ суханрони намуда, тамоми ҳозиринро ба ин муносибат табрик намуда аз ҷумла гуфт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои хеш дар робита ба Рӯзи парчами давлатӣ изҳор доштаанд, ки: “... Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангсолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ иникос кардааст. Воқеан, дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣва давлатдории мустақил мебошад.

Ҳамчунин Шоҳрух Одиназода, муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Заминаҳоитаърихи ҳуқуқии Парчами давлатӣ”, суханронии пурмуҳтаво намуд.

Ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвари мо бо як шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар саросари Тоҷикистон бо ширкати мардуми касбу кораш мухталиф роҳпаймоиҳо, ҳамоишҳо, маҳфилҳо, конференсияҳо ва мулоқотҳо дар мактабҳои миёнаву олӣ, корхонаҳо ва муассисаҳо баргузор мегарданд. Дар марказҳои фароғатӣ бошад, барномаҳои ҷолиби ватандӯстӣ ва фарҳангиву мусиқӣ доир гардида, эҳтиром ба парчами миллӣ гузошта мешавад.

 

Тоҷикӣ

Меню: