Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии хок дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Душанбе, 05-уми Декабри соли 2022

     Ҳамасала дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ санаи        5- уми декабрро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии хок бо шукӯҳи хосса таҷлил менамояд.

    Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии хок дар толори васеъи муассиса санаи 05.12.2022 мизи мудаввар оид ба мавзӯи “Хок манбаи озуқаворӣ” баргузор гардид. Ҷаласаро директори муассиса Хоҷаев Ш.И. оғоз намуда, иброз намуд: Рӯзи умумиҷаҳонии хок ҳамасола 5 декабр бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба аҳамият ва тарғиби истифодаи устуворонаи захираҳои хок гузаронида мешавад. Якумин маротиба он аз ҷониби Ҷамъияти байналмилалии хокшиносӣ соли 2002 тавсия шудааст.

Бо ташаббуси Шоҳигарии Таиланд ва тавассути Шарикии Глобалии хок, Созмони Милали Муттаҳид таъсиси расмии Рӯзи ҷаҳонии хокро ҳамчун платформаи глобалӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дастгирӣ намуд. Конфронси Ташкилоти умумиҷаҳонии озуқа дар моҳи июни соли 2013 Рӯзи ҷаҳонии хокро якдилона тасдиқ кард ва он дар Конгресси 68-уми Созмони Милали Муттаҳид расмӣ қабул гардид. Моҳи декабри соли 2013 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид санаи 5 декабри соли 2014-ро ҳамчун аввалин Рӯзи ҷаҳонии хок муқаррар намуд.

Ин рӯз бо мақсади нишон додани аҳамияти бунёдии хок барои ҳаёт дар рӯи замин, баланд бардоштани маърифатнокӣ дар бораи мувозинати мураккаби тамоми элементҳо ва равандҳои он, ки дар хок ба амал меоянд, пешбинӣ шудааст.

Бинобар сабаби нақши тавонои худ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, хок ба таваҷҷӯҳи мо ва ҳифзи он бисёр ҳам ниёз дорад. Мутаассифона, вазъияти душвори иктисодии ҷаҳон афзалиятҳои истисмори бераҳмонаи заминро тақозо менамояд ва мушкилотҳоеро, ки аз ҷониби хокшиносон суботкорона таъкид карда мешавад, дар мадди назари заминистифодабарандагон муҳим арзёбӣ намегардад.

Ба хок доимо куввахои берунӣ, яъне омилҳои табиӣ ва антропогенӣ таъсир мерасонанд. Таназзулшавии хок як мушкилоти умумии тамоми инсоният аст. Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар моро водор мекунад, ки иқтисодиёти устуворро нигоҳ дорем, аз нобудшавии қабати ҳосилхез пешгирӣ кунем ва минтақаҳои зарардидаро барқарор созем.

   Солҳои охир бинобар сабаӣи истифадаи нодурусти бархе аз заминистифодабарандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҳои таназзулшуда зиёд ба қайд гирифта шудааст, ки ба сатҳи некӯаҳволии мардум таъсири манфӣ мерасонад. Таназзулшавии замин дар муддати кутоҳ метавонад ба нокомии ҳосил ва гуруснагӣ оварда расонад. Бинобар ин, вақти он расидааст, ки мо бояд муносибати худро ба замин дурбинона ва бо мақсади ҳифзи сарватҳои замин ва барқарор намудани ҳосилхезии он равона созем.

Гарчанде, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -қонун дар бораи ҳифзи хок (Ахбори Маљлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, соли 2009, №9-10 мод.548) Низомномаи назорати давлать оид ба истифода ва хифзи замин дар ҶТ, Фармони Президенти ҶТ аз 25 июли соли 2000, №335 «Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ», Қарори ҳукумати ҶТ аз 21 сентябри соли 2000,  №387 қабул шудааст, локин на дар ҳама ҳолат он риоя карда мешавад. қонун ва санадҳои зерқонунии мазкур принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти њокимияти давлатӣ, шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқиро бо мақсади оқилона ва эҳтиёткорона истифода бурдани хок, нигоҳ доштани сифат, њосилхезӣ ва ҳифзи онро аз падидањои манфӣ муайян карда, маҷмўи муносибатҳои бо ҳифзи хок алоқамандро танзим менамояд.

Сипас мудири шуъбаи мониторинг ва ҳифи хок аз эрозия Аминов Ш.Р., ходими калони илмии шуъбаи баланд бардоштани ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок Қараев Ш., мудири шуъбаи илм, таълим ва таёр намудани кадрҳои илмӣ Шарипова С., ва дигар олимону мутахассисон суханронӣ намуда, кайд карданд, ки Рӯзи хок як фурсати хубест, ки ба худ ва дигарон дар бораи омилҳое, ки ба ҳосилхезии замин таҳдид мекунанд ва роҳҳои ҳалли мушкилотро чораҷӯи намоем.

Барои мо олимони соҳаи хокшиносӣ ва агрохимия санаи 5 декабр ахамияти махсус дорад, зеро маҳз дар ҳамин руз соли 1883 асари машҳури олими барҷаста, Асосгузори илми хокшиносӣ Василий Василевич Докучаев “Русские черноземы” аз чоп баромад ки барои ин асар ба ӯ унвони доктори илмҳо дода шуд.

Дар интиҳои чорабини роҳбарият ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи умумиҷаҳонии хок табрик намуда, дар ҷодаи фаъолияти ҳар яки онҳо мувафақиятҳои беназзир таманно намуданд.

 

 

 

Тоҷикӣ

Меню: