Таҷлили рӯзи ҷаҳонии хок дар Тоҷикистон

Ношир: Ношир Санаи интишор: Панҷшанбе, 07-уми Декабри соли 2023

     Ҳамасола 5 декабр дар саросари дунё аз Рӯзи ҷаҳонии хок  ҷашн гирифта мешавад.  Бо ин ҳадаф ва бо назардошти аҳамияти хок дар ҳаёти инсон, соли 2002 тибқи пешниҳоди Ҷамъияти ҷаҳонии хокшиносӣ 5 декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии хок номгузорӣ шуд.
     Дар моҳи июни соли 2013 конференсияи Созмони байналмилалии озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо пуштибонӣ аз Рӯзи ҷаҳонии хок шурӯъ ба кор  намуда, онро расман дар иҷлосияи 68-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ намуд ва дар иҷлосияи мазкур 5 декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии хок эълон карда шуда, аз соли 2014 дар саросари дунё  ҷашн гирифта мешавад. Ин боис шуд, ки дар тамоми дунё масъулин, мутахассисон  ва олимону донишмандони  соҳаи хокшиносӣ минбаъд ба илми хокшиносӣ ва қадру манзалати хоку об таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.
     Пас аз тасвиби ин рӯз ҳамасола дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон конференсияҳо, нишастҳо ва ҳамоишҳои илмиву оммавӣ ба ин муносибат  баргузор мешаванд.


Рӯзи ҷаҳонии хок ҳар сол мавзӯи муҳимеро  барои барҷаста кардани минтақаҳои мавриди ниёз барои иқдом дар бораи омилҳое, ки  хокро таҳдид мекунад, интихоб мекунад. Шиори Рӯзи ҷаҳонии хок дар соли 2023 "Хок ва об, манбаи ҳаёт" мебошад ва ҳадаф аз он баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи аҳамият ва робитаи байни хок ва об дар ноил шудан ба системаҳои устувор ва устувори кишоварзӣ мебошад.
     Имрӯз, 7 декабр, бо ибтикори Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар меҳмонхонаи Ҳаятт Риҷенсии шаҳри Душанбе ба ин муносибат ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар он намояндагон аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, коршиносону мушовирони  байналмилалӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ва васоити ахбори омма ширкат намуданд.
     Фарҳанги бузургдошти  Рӯзи ҷаҳонии хок арзиш гузоштан ба аҳамияти хок ва пешгирӣ аз таназзулёбӣ ва нобудшавии он ҳамасола дар ҷаҳон бо шукӯҳ таҷлил мегардад. Хок ҳамчун яке аз муҳимтарин ҷузъҳои табиат маҳсуб мешавад ва он як  ҷашнест, ки аҳамияти хок ва зарурати истифодаи устувори онро барои ҷомеаҳои гуногун дар саросари ҷаҳон таъкид мекунад.
     Аҳолии сайёра дар баробари ҳалли масъалаи хок, ба об муъҷизаи дигари табиат низ ниёз дорад. Дар масоили об чор иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бо кушишҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷаҳониён ва СММ пазируфта шуд. Аз ҷумла, Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 пешниҳод гардид, ки аз ҷониби кулли кишварҳои дунё ва СММ аз ин барнома ҷонибдорӣ шуд. Ин барномаро шиори имсола “Хок ва об, манбаи ҳаёт” пурра мекунад.

Тоҷикӣ