19.08.2024. Амонулло Салимзода президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо Франк Куклинский роҳбари Ташкилоти ҳамкории Олмон дар Тоҷикистон (GIZ) аз тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи лоиҳаи “Парвариши пахтаи органикӣ дар соли 2025” ва дигар мавзуъҳо дидору гуфтугӯ карданд.
Нахуст Амонулло Салимзода аз фаъолияти илмии институтҳо, марказҳо ва сохторҳои зертобеи АИКТ иттилоъ дода, бахусус аз ихтирои навъҳои зироатҳо, гандум, ҷуворӣ ва пахтаи олимони тоҷикро таъкид кард.
Роҳбари Ташкилоти ҳамкории Олмон дар Тоҷикистон (GIZ) алоқамандии хешро ҷиҳати дар амал иҷро намудани ин лоиҳа изҳор дошта гуфт, ки ҳадафи онҳо дар қитъаҳои намоишии АИКТ кишти пахтаи органикӣ (истифодаи набурдан аз нуриҳои органикӣ) буда, бо ҷалби олимон дар омода намудани докторант (PhD) ва магистрант дар тули се сол ин лоиҳаро роҳандозӣ кардан аст.
Инчунин ҷонибҳо дар ҷараёни гуфтугӯ аз ҳамкориҳо бо ширкатҳои “Сароб” ва “Биокишоварз”, инчунин маркази омӯзишии BCD ишора намуда, аз натиҷаҳои он ибрози ризоят намуданд.
Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои ҷудо кардани 250 га замини қитъаҳои намоишии муассисаҳои илмии худ ҷиҳати ҳамкорӣ бо ин ташкилот ва анҷом додани тадқиқоти илмӣ доир ба парвариши зироати пахта омодагии хешро изҳор кард.
Истифода аз нуриҳои органикӣ ва ташхиси хоки ин заминҳо ба уҳдаи озмоишгоҳи марказонидашудаи хоку растании Институти хокшиносӣ ва агрохимия вогузор карда шудааст.