1 сентябр оғози соли нави таҳсил

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Ҷумъа, 01-уми Сентябри соли 2023

1 сентябр дар саросари Тоҷикистон соли нави таҳсил дар мактабҳои миёна ва олӣ оғоз гардид. Ба ин муносибат ҳамасола дар яке аз шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ҳузур ва ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва дарси сулҳ доир мегардад.

Имрӯз Сарвари давлат бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сипас, дар ин Донишгоҳ зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ба таври мустақим пахш гардид.

Кормандони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар толори маҷлисгоҳи институт ҷамъ омада, ҷараёни ин суханрониро тамошо карданд.

 

Тоҷикӣ

Меню: