ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ТОЛОРИ ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ
Санаи 22-юми декабри соли ҷорӣ, дар толори муассиса бо иштироки Пезиденти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлис ҷанговарони интернатсионалӣ, полковники адлия - Холзода Умар, полковники эҳтиётии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон -Ғоибов Аслиддин, полковники мустаъфӣ - Ятимзода Хуршед ва собиқадори ҷанги Афғонистон - Аминов Шариф иштирок намуданд.