Семинари илмӣ - амалии минтақавӣ дар мавзӯи “Самаранок истифодабарии нуриҳои комплексии моеъ дар боғҳои интенсивии водии Ҳисор” доир гардид

Ношир: Абдуллоҷон Асад... Санаи интишор: Панҷшанбе, 25-уми апрели соли 2024

       25.04.2024. Дар хоҷагии давлатии ниҳолпарварии “Искич”-и ш. Ҳисор, семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзӯи “Самаранок истифодабарии нуриҳои комплексии моеъ дар боғҳои интенсивии водии Ҳисор” аз ҷониби шуъбаи агрохимия тибқи нақша чорабинии Институти хокшиносӣ ва агрохимия баргузор гардид.

     Дар кори семинари мазкур намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Сарраёсати кишоварзии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, ноҳияи Шаҳринав, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ, олимони варзида ва ҷавон ширкат намуданд.
     Ҳамоиши илмиро Шариф Хоҷаев директори Институти хокшиносӣ ва агрохимия ифтитоҳ намуда зикр дошт, ки  ҳадафи баргузории семинари мазкур амалӣ намудани сиёсати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ   ва шиносоии деҳқонону кишоварзон бо корҳои илмию таҳқиқотии олимони соҳа ва самаранок истифода бурдани нуриҳои комплексии моеъ аз технологияҳои пешрафта дар боғҳои интенсивӣ, ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда ва татбиқи дастовардҳо дар истеҳсолот мебошад.

           Сипас, зимни суханронӣ олимон дар мавзӯъҳои истифодаи нуриҳои макро ва микроэлементҳо ба дарахтони мевадиҳанда тавассути ғизодиҳии ғайрирешагӣ, чорабиниҳои агротехникӣ барои баланд бардоштани ҳосилхезии нишебзаминҳо, истифодаи маълумоти баҳодиҳии хок дар заминҳои обёришаванда ва таъсири тағйирёбии иқлим ба хок ибрози назар намуда, ба хоҷагидорон тавсияҳои муфид доданд.

         Ҳадафи ҳамкории олимон ва мутахассисони Институт бо хоҷагии давлатии ниҳолпарварии “Искич”-и ш. Ҳисор ва дар намунаи он бо дигар хоҷагидорони кишвар ин аст, ки  истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ, ҳосилхезии хокҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии боғҳои мевадиҳанда тавассути нуриҳои маъданию органикӣ,  риояи меъёр, мӯҳлат ва  роҳҳои истифодаи микроэлементҳо хеле муҳим буда, дар ин замина дар таъмини амнияти бехатарии озуқавории кишвар саҳм гузоштан аст.

         Аз назари таҳлилии олимони соҳа аз ҳама муҳим раванди истифодабарии нуриҳои минералӣ дар боғҳои интенсивӣ аст, ки имрӯзҳо дар асоси супоришҳои Сарвари давлат дар ҳоли рушд буда, омӯзиш ва муайян намудани меъёри макро ва микроэлементҳо барои руёндани ҳосили баланди дарахтони мевадиҳанда мебошад. Қобили зикр аст, ки ин мавзӯъ дар минтақаҳои гуногуни  ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор  дорад.

       Олимони институт дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таври инноватсионӣ нуриҳои комплексии моеъро дар баргҳои дарахтон ҳамчун ғизодиҳии ғайрирешагӣ дар истеҳсолот, бахусус дар соҳаи боғдорӣ мавриди истифода қарор додаанд, ки муваффақомез аст.

         Дар интиҳо иштирокчиён, бахусус хоҷагидорон аз семинар таассуроти зиёд бардошта, изҳор доштанд, ки истифодаи нуриҳои комплексии моеъ дар боғҳои интенсивӣ ба маврид ва зарурӣ мебошад.

Тоҷикӣ

Меню: