ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ ва бунёди боғи нав дар Пойгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Шанбе, 17-уми Декабри соли 2022

    Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 17.12.2022 бо иштироки президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Н.М., директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ Хоҷаев Ш.И. ва олимону мутахассисони соҳа дар Пойгоҳи минтақавӣ таҷрибавӣ Тангаӣ шаҳри Ваҳдати Институти хокшиносӣ ва агрохимия маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид.

         Дар ин чорабинии муҳим аҳли кормандони муассиса ва пойгоҳ фаълона иштирок намуда, дар нишебизаминзҳои аз боришот нимтаъмин ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан инчунин дарахтони гуногуни мевадиҳанда, аз қабили сиёҳолу, зардолу, себ, нок, хуч, шинониданд.

Тоҷикӣ

Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии хок дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Душанбе, 05-уми Декабри соли 2022

     Ҳамасала дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ санаи        5- уми декабрро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии хок бо шукӯҳи хосса таҷлил менамояд.

    Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии хок дар толори васеъи муассиса санаи 05.12.2022 мизи мудаввар оид ба мавзӯи “Хок манбаи озуқаворӣ” баргузор гардид. Ҷаласаро директори муассиса Хоҷаев Ш.И. оғоз намуда, иброз намуд: Рӯзи умумиҷаҳонии хок ҳамасола 5 декабр бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба аҳамият ва тарғиби истифодаи устуворонаи захираҳои хок гузаронида мешавад. Якумин маротиба он аз ҷониби Ҷамъияти байналмилалии хокшиносӣ соли 2002 тавсия шудааст.

Тоҷикӣ

Таҷлили «Фестивали намоиш - фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Шанбе, 26-уми Ноябри соли 2022

      Санаи 26.11.2022 дар Муассисаи давлатии бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» доир гардид, ки дар он олимони соҳа ва кишоварзони мамлакат навъҳои гуногуни картошкаро ба марази тамошо гузоштанд.

Тоҷикӣ

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Панҷшанбе, 24-уми Ноябри соли 2022

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як санаи муҳимми таърихӣ – сиюмин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Чанд рӯз пеш мо – мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз санаҳои муҳим ва тақдирсози таърихи миллат – 30-юмин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро, ки Парчами давлатӣ маҳз дар ҷараёни баргузории он 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардид, ботантана таҷлил намудем.

Тоҷикӣ

Суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Чоршанбе, 16-уми Ноябри соли 2022

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз аз оғози баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз санаҳои дар ҳаёти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон воқеан таърихӣ мебошад, сӣ сол сипарӣ гардид.

Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин рӯйдоди бузург, ки нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯзаи мо мебошад, сидқан ва самимона табрик мегӯям.  

Тоҷикӣ

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Якшанбе, 06-уми Ноябри соли 2022

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик мегӯям.

Баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ ба мо зарур буд, ки Конститутсия, яъне қонуни асосии давлати соҳибихтиёри худро таҳия ва қабул намоем.

Пеш аз ҳама, лозим буд, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонуни асосӣ эълон ва расмӣ гардонида, мақсаду мароми мардуми он - бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар ин санади тақдирсоз дарҷ карда шавад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо қабули ин санади раҳнамо бо майлу иродаи худ маҳз чунин сохти давлатиро интихоб намуданд.

Тоҷикӣ

Баргузории Шӯрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Панҷшанбе, 27-уми Октябри соли 2022

Санаи 27.10.2022 дар толори муассиса Шӯрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ба кори ҷаласа раиси Шӯро Хоҷаев Шариф ҳусни оѓоз бахшида, роҷеъ ба масъалаи якуми рӯзнома суханонӣ намуданд.

Тоҷикӣ

Корҳои бунёдкориву сабзу хурамгардонӣ дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Шанбе, 22-уми Октябри соли 2022

Ҷиҳати иҷрои нақша – чорабиниҳои 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор таҷлил намудани 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва стансияву пойгоҳҳои он корҳои бунёдкориву созандагӣ ва сабзу хурамгардонӣ давра ба давра иҷро гардида истодааст.

Санаи 22.10.2022 бо иштироки президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Асозода Н.М., директори Институт Хоҷаев Ш.И., Саркотиби академи Неъматов М., ва кулли кормандони Институт корҳои тозагиву сабзу хурамгардонӣ баргузор гардид.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ