- Шумораи умумии кормандони Институт дар якҷоягӣ бо зерсохторҳо 158- нафарро ташкил дода, аз онҳо 55 нафарашон ходимони илмӣ, 17 – номзади илм, 3 – доктори илм, 1 академик ва 2 узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошанд.
- Аз тарафи олимони Институти хокшиносӣ таи панҷ соли охир (2013-2017) 3 китоб, 10 тавсиянома, зиёда аз 111 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ нашр гардидааст.
- Дар давоми панҷ соли охир (2013-2017) дар Институт 1 нафар рисолаи докторӣ, 4 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ҳоло 6 рисолаи номзадӣ ба ҳимоя омода мебошад.
Ҳар сол мувофиқи дурнамои тайёр кардани кадрҳо довталабон ба аспирантура ва магистратура (аз соли 2015) қабул карда мешаванд. Дар Институт аз соли 2013 то 2017 ҳамагӣ 13 нафар аспирантон, аз он ҷумла 12 нафар дар бахши рўзона, 1 нафар дар бахши ғоибона ва 2 нафар докторант қабул карда шудааст. Дар давоми солҳои 2015-2018, дар Институти хокшиносӣ аз рўи ихтисоси 740205 – агрокимиё ва хокшиносӣ ҳамагӣ 8 нафар магистрон таҳсил намудаанд, аз он ҷумла 3 нафарашон (Мачидов Фирузчон, Махмадалиев Султоншох Махмадалиевич ва Эхсони Намоз) августи соли 2017 магистратураро бомуваффақият хатм намуданд, 5 нафари онҳо айни замон дар курси 1 (3 нафар) ва 2 (2 нафар) таҳсил доранд. Дар Шўрои илмӣ ҳамасола мавзўҳои илмӣ, барномаи корӣ ва нақшаи кории онҳо баррасӣ ва тасдиқ карда шуда, дар охири сол ҳисоботҳои илмии аспирантону магистрон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз аттестатсия гузаронида мешаванд.
Тайёр кардани кадрҳои илмӣ
Дар асоси Фармони Хадамоти Федералии назорати соҳаи маориф ва илми назди Вазорати маорифи Федератсияи Россия Шӯрои дисертатсионӣ аз тарафи ВАК-и Федератсияи Россия дар назди Институти хокшиносии АИКТ Шӯрои махсуси диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаи номзадӣ аз рӯи ихтисосҳои хокшиносӣ – 03.02.13 ва агрохимия - 06.01.04 таъсис дода шуд, ки дар он 23 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докториро дифоъ намуданд.
Дар давраи 30 соли Истиқлолият дар муассиса 40 рисолаи номзадӣ, 6 рисолаи докторӣ ва 7 рисолаи магистрӣ дифоъ гардид.