СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ ШАНБЕГӢ ДАР ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Шанбе, 31-уми Августи соли 2024

     31.08.2024.  Имрӯз ба муносибати 33-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ шанбегӣ баргузор гардид.

     Кормандони муассиса дастаҷамъона дар нарм кардани бехи дарахтон, тоза намудани  алафҳои  худрӯй ва  шинондани гулҳо ва дар сабзу хуррамгардонии гирду атрофи он фаъолона ширкат намуданд.

     Ҳамзамон дар пойгоҳи Сомғори ноҳияи Б.Ғафурови Институти боғдориву токпарварӣ ва сабзавоткорӣ, кормандони Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд  дар ҳашари дастаҷамъона иштирок карданд.

     Чунин шанбегиҳо ва корҳои ободонӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ  то 9 сентябр - Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон идома ёфта, аҳли кормандони муассиса дар рафти корҳои ободониву созандагӣ ва дар насби шиору овезаҳо ва парчамҳо нақши худро хоҳанд гузошт.

 

Тоҷикӣ

Меню: