Татбиқи барномаи глобалии табибони хок
Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Ташкилоти озуқавории кишоварзӣ ФАО, дар доираи Зеркомпоненти 3:2 тули панҷ рӯз (аз 14 -18.11.23.) семинари илмӣ - амалӣ ҷиҳати “Татбиқи барномаи глобалии табибони хок” идома дошт, дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” даври ниҳоии онро натиҷагирӣ намуд.
Дар семинари мазкур мутахассисони соҳаи хокшиносӣ, ки аз 24 хоҷагии ҷумҳурӣ ва Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ ҷалб гардида буданд, дар ин муддат нозукиҳои кори илми хокшиносӣ ва идоракунии ҳосилхезии хок бо усулҳои муосирро дар саҳро мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.