Хабарҳо

Тоҷикӣ

ДАР ТОҶИКИСТОН СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ ГАРДИД

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Якшанбе, 01-уми Сентябри соли 2024

     01.09.2024. Имрӯз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави хониш дар тамоми мактабҳои миёна ва олии кишвар оғоз гардид, ки  ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз муассисаҳои таълимӣ ташриф меоваранд ва бо намояндагони илму маориф мулоқот менамоянд.

     Имсол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияи Сино муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди истифода қарор дода, дар оғози соли нави таҳсили 2024-25 ширкат намуданд.

Тоҷикӣ

СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ ШАНБЕГӢ ДАР ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Шанбе, 31-уми Августи соли 2024

     31.08.2024.  Имрӯз ба муносибати 33-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ шанбегӣ баргузор гардид.

     Кормандони муассиса дастаҷамъона дар нарм кардани бехи дарахтон, тоза намудани  алафҳои  худрӯй ва  шинондани гулҳо ва дар сабзу хуррамгардонии гирду атрофи он фаъолона ширкат намуданд.

     Ҳамзамон дар пойгоҳи Сомғори ноҳияи Б.Ғафурови Институти боғдориву токпарварӣ ва сабзавоткорӣ, кормандони Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд  дар ҳашари дастаҷамъона иштирок карданд.

Тоҷикӣ

Таҷлили Иди тарбуз, харбуза ва каду дар Душанбе

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Якшанбе, 25-уми Августи соли 2024

     25 август Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  симои идона ба бар карда буд.

Тоҷикӣ

ТАВСЕАИ ҲАМКОРИИ ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «БАЛАНД БАРДОШТАНИ УСТУВОРИИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ»

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Чоршанбе, 21-уми Августи соли 2024

     Дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон густариши робитаи ҳамкории Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

     Дар мулоқот бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Зебиниссо Бобохониён директори институт   рафти иҷрои  лоиҳаро матраҳ намуда иброз дошт, ки то имрӯз дар доираи лоиҳа ҷиҳати  баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ хоҷагидорон бо тухмии гандуми “Темерязевка”, “Алексеевич” ва нуриҳои маъданӣ таъмин гардидаанд. Инчунин дастгириҳои дигари лоиҳа таъмири намо ва боми бинои институт буда, кумаки техникӣ (мошин) низ расонда шудааст.

Тоҷикӣ

ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН БО ОЛМОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Душанбе, 19-уми Августи соли 2024

     19.08.2024. Амонулло Салимзода президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  бо Франк Куклинский роҳбари Ташкилоти ҳамкории Олмон дар Тоҷикистон (GIZ) аз тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи лоиҳаи “Парвариши пахтаи органикӣ дар соли 2025”  ва  дигар мавзуъҳо дидору гуфтугӯ карданд.

     Нахуст Амонулло Салимзода аз фаъолияти илмии институтҳо, марказҳо ва сохторҳои зертобеи АИКТ иттилоъ дода, бахусус аз ихтирои навъҳои зироатҳо, гандум, ҷуворӣ ва  пахтаи олимони тоҷикро таъкид кард.

Тоҷикӣ

ТЕХНОЛОГИЯИ ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ ТАНАЗЗУЛЁБИИ ХОКҲОИ ҶИГАРРАНГИ КАРБОНАТӢ ДАР ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОНИ МАРКАЗӢ

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Панҷшанбе, 25-уми Июли соли 2024

     Тибқи қарори Раёсати АИКТ «Дар бораи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалӣ дар муассисаҳои илмии АИКТ дар соли 2024» 24 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Файзобод семинари илмию амалии минтақавӣ дар мавзуи «Технологияи пешгирӣ намудани таназзулёбии хокҳои ҷигарранги карбонатӣ дар шароити Тоҷикистони Марказӣ» баргузор гардид. Дар кори семинар Амонулло Салимзода президенти Академияҳои илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, Рудакӣ, Ваҳдат ва инчунин хоҷагидорону деҳқонон (фермерон), шахсони инфиродӣ, олимони муассисаҳои илмии Академияҳои илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва беҳдошти замин ширкат доштанд.

Тоҷикӣ

СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ ОБМОНӢ ДАР ЗАМИНҲОИ КИШТИ ТАКРОРӢ

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Сешанбе, 16-уми Июли соли 2024

     16.07.24. Имрӯзҳо мардуми кишоварзи Тоҷикистон машғули кишти такрорӣ  ҳастанд. Бинобар иттилои Маҳмад Шарипов директори Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Вахш,  бо истифода аз чунин фурсат олимону мутахассисони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ ва ин Стансия, баъд аз кишти такрории лубиёи сурх ва сафед бо коркади маҳлули 5% -и нурии микробиологии “Азотобактерин” дар 0, 5 га замини  ноҳияи Кушониён, ба обмонии замини киштшуда  шурӯъ карданд.

 

 

Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ РӮЗИ САҲРОӢ ДАР СТАНСИЯИ ТАҶРИБАВИИ ХОКШИНОСИЮ МЕЛИОРАТИВИИ ВАХШ

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Душанбе, 15-уми Июли соли 2024

     15.07.24.  Олимон ва мутахассисони шуъбаи биологияи хок ва тарҳрезии нуриҳои микробиологии Институти хокшиносӣ ва агрохимия зимни баргузории Рӯзи саҳроӣ дар мавзӯи “Истифодаи нурии микробиологии “Азотобактерин” дар кишти такрорӣ” ба истифодабарандагони замин, фермерон ва хоҷагиҳои деҳқонии Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Вахши ноҳияи Кӯшониён тавсияҳои судманд доданд.

     Дар нахуст олимони ин соҳа таваҷҷуҳи иштирокчиёнро дар бораи “Азотобактерин” ва таъсири мусбати он ба зироатҳои кишоварзӣ ҷалб намуда изҳор доштанд, ки дар мавриди истифода аз ин нурӣ ҳосилнокии зироатҳо нисбат ба заминҳои қаблӣ аз 8 то 12 с/га бештар мегардад.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба RSS - Хабарҳо