Хабарҳо

Тоҷикӣ

Боздиди Президенти АИКТ аз Пойгоҳи минтақавии таҷрибавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Ҷумъа, 03-уми Майи соли 2024

     03.05.2024. Имрӯз Амонулло Салимзода Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо ҳамроҳии Шариф Хоҷаев директори Институти хокшиносӣ ва агрохимия зимни сафари корӣ ба Пойгоҳи минтақавии таҷрибавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии муассиса, бо ҷараёни кишту кори баҳории зироатҳои кишоварзӣ, инчунин аз қитъаҳои таҷрибавии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар доираи лоиҳаҳои фармоишӣ, вазъи феълии гармхонаҳои лимупарварӣ ва дигар намуди кору фаъолияти олимону мутахассисони қитъаҳои таҷрибавии Карсанг дар н. Файзобод ва Тангаӣ дар ш. Ваҳдат аз наздик шинос шуда, дар кишти картошка ширкат намуданд.

Тоҷикӣ

Ҷаласаи умумии олимону кормандони Институт доир ба нукоти муҳими суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Панҷшанбе, 02-уми Майи соли 2024

     02.05.2024. Дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, ҷаласаи умумии олимону кормандон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа нахуст Шариф Хоҷаев директори Институт аз олимони варзида хоҳиш намуд, ки бештар вақти худро ба ҷалби илмомӯзии  ҷавонон  сарф намоянд. Чун таваҷҷӯҳи давлату ҳукумати кишвар ба рушд ва пешрафти илм дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Агар ҷавонони тоҷик вақти бештари худро ба корҳои судманд барои интихоби тахассус ва ояндаи худ сипарӣ намоянд, фоида ҳам ба худ ва ҷомеа хоҳад расид. Нигаронии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба авзои сиёсии ҷаҳон буда, шаҳрвандони кишварро таъкид месозанд, ки ба сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик бетафовут набошанд.

Тоҷикӣ

Семинари илмӣ - амалии минтақавӣ дар мавзӯи “Самаранок истифодабарии нуриҳои комплексии моеъ дар боғҳои интенсивии водии Ҳисор” доир гардид

Ношир: Абдуллоҷон Асад... Санаи интишор: Панҷшанбе, 25-уми апрели соли 2024

       25.04.2024. Дар хоҷагии давлатии ниҳолпарварии “Искич”-и ш. Ҳисор, семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзӯи “Самаранок истифодабарии нуриҳои комплексии моеъ дар боғҳои интенсивии водии Ҳисор” аз ҷониби шуъбаи агрохимия тибқи нақша чорабинии Институти хокшиносӣ ва агрохимия баргузор гардид.

Тоҷикӣ

Баргузории даври аввали озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Панҷшанбе, 18-уми апрели соли 2024

     18.04.2024. Имрӯз дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор шуд. Қобили ёдоварист, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз 01 январи соли 2024, №АП – 481 ва қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 08.01.2024, № 6 доир гардида, бо ҳадафи амалӣ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияи пешрафта, таҳкими ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба мутолиаи китоб, илмомӯзиву навоварӣ роҳандозӣ мегардад.

Тоҷикӣ

15-умин солгарди Наврӯзи байналмилалӣ муборак!

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Душанбе, 25-уми марти соли 2024

     Имрӯз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон муштарак бо Вазорати кишоварзӣ ва  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, дар саҳни ДАТ Иди Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд. Дар ин ҷашн олимон ва кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ фаъолона ширкат намуда, иштирокчиёни базмгоҳро ба сайри таърихии хони ҳафтсину ҳафтшин ва рамзу нишонаҳои дар он гузошта шуда, ки аз даврони бостон то ин ҷониб ҳифз шудааст, даъват намуданд. Зимни тамошо вазири кишоварзӣ  Қурбон Ҳакимзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода ва дигар меҳмонон, хони наврӯзии Институтро беҳтарин арзёбӣ намуданд.

Тоҷикӣ

Наврӯз рӯзи мувозинати табиат ва инсон

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Чоршанбе, 20-уми марти соли 2024 • Updated on Сешанбе, 09-уми апрели соли 2024

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

    Баҳор яке аз зеботарин фаслҳои сол аст ва имрӯз Наврӯзи хуҷастапай қадами нахустини худро соати 08:06 дақиқа ба вақти Тоҷикистон ба сарзамини мо гузошт. Ба ин муносибат дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷаласаи идона баргузор гардид. Шариф Хоҷаев директори муассиса  ҳамаи олимону кормандонро дар ин иртибот табрик гуфта, ба ҳамагӣ саломатӣ, хушбахтӣ ва дар ҷодаи илм муваффақият орзӯ намуд. Ӯ таъкид  намуд, ки Наврӯз ҷашни ниёгон ва Иди аҷдодии мардуми мо буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо кушишу ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад. Аз ҳамин лиҳоз бояд ҳар кадоми мо ҷашни ниёгонро қадр намуда, бо ифтихори миллӣ онро ҷашн бигирем.
    Баҳор оғози дубора барои замин аст, ки бо ҷашну сурур ҳамроҳ шуда, ба шаҳрҳо, деҳоту хонаҳо ранги тоза медиҳад. Одобу русуми Наврӯз, оини истиқбол аз ин ин фасли сабз аст; фасле, ки омаданаш баҳонаи хубест то  мо дар такопу бияфтем ва суннатҳои куҳанро ба ҷо биоварем.
    Наврӯз ба ҳамагӣ хуҷаста бод!

Тоҷикӣ

боздиди Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода А.Ф. аз пойгоҳи таҷрибавии Тангаи ш.Ваҳдат

Ношир: Абдуллоҷон Асад... Санаи интишор: Шанбе, 09-уми марти соли 2024

     Санаи 9 уми марти соли 2024 Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон узви вобастаи АИКТ Салимзода А.Ф. бо мақсади шиносои бо фаъолияти кории аз пойгоҳи таҷрибавии Тангаи ш.Ваҳдат дидан намуданд. Зимни боздид аз қитъаҳои таҷрибавӣ ва боғу дарахтони мевадиҳанда ва ороиши инчунин аз гармхонаи доимо амалкунандаи лимӯ шинос шуда, пешниҳодҳои худро  баҳри бозҳам беҳтарнамудани корҳои илмию истеҳсолӣ ба роҳбарону мутахасисон иброз намуданд.

Тоҷикӣ

Табрикоти директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Ношир: Абдуллоҷон Асад... Санаи интишор: Чоршанбе, 06-уми марти соли 2024

РӮЗИ МОДАР МУБОРАК!

Боиси хурсандӣ аст, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои баҳор, ҷашни фархундаи Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба ӯ меомӯзад ва бо ҳазор нияту орзуҳои нек ӯро ба воя мерасонад.
Имрӯзҳо бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бонувону духтарони тоҷик дар ҷомеа баланд гардида, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлатамон саъю талош мекунанд.
Бо ифтихор ва шарафмандӣ тамоми модарон ва бонувони азизро бо фарорасии иди зебои баҳор ва Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, бароятон умри дароз, зиндагии осуда, бахту иқболи наку ва дар корҳои  илмию амалиатон  комёбиҳо орзу менамоем.
Бигзор, қалбҳоятон пур аз меҳру сурур, чароғи хонадонатон ҳамеша равшан ва фарзандонатон солиму солеҳ, номбардори падару модар, миллат ва халқу Ватан бошанд!
Идатон муборак, модарону бонувони гиромиқадр!

Эй Модарону хоҳарон, бодо муборак идатон,
Зиннатфизо эй маҳвашон, бодо муборак идатон.
Баҳри шумо Фархунда бод, ин фасли зебои баҳор.
Гулғунчаҳои бӯстон, бодо муборак идатон.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба RSS - Хабарҳо