Душанбе, Декабр 6, 2021

Рӯзи умуми ҷаҳонии хок

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Душанбе, 06-уми Декабри соли 2021

 Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи умуми ҷаҳонии хок”-дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. Ҷамъомадро директори Институт Хоҷаев Шариф оғоз намуда, ҳозиринро бо ин рӯз табрик намуда иброз намуданд, ки хок ин ҷузъи таркибии муҳити зисти инсон, наботот ва ҳайвонот, асоси фаъоляти хоҷагидорӣ буда ҳифзи он яке аз вазифаҳои муқаддаси ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Конфронси Ташкилоти умумиҷаҳонии озуқа моҳи июни соли 2013 пешниҳоди таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии хокро якдилона тасдиқ кард ва он дар кунгураи 68- уми Созмони Милали Муттаҳид расман қабул гардид.

Тоҷикӣ