Конфронсҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввар

Тоҷикӣ

Таҷлили рӯзи ҷаҳонии хок дар Тоҷикистон

Ношир: Ношир Санаи интишор: Панҷшанбе, 07-уми Декабри соли 2023

     Ҳамасола 5 декабр дар саросари дунё аз Рӯзи ҷаҳонии хок  ҷашн гирифта мешавад.  Бо ин ҳадаф ва бо назардошти аҳамияти хок дар ҳаёти инсон, соли 2002 тибқи пешниҳоди Ҷамъияти ҷаҳонии хокшиносӣ 5 декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии хок номгузорӣ шуд.
     Дар моҳи июни соли 2013 конференсияи Созмони байналмилалии озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо пуштибонӣ аз Рӯзи ҷаҳонии хок шурӯъ ба кор  намуда, онро расман дар иҷлосияи 68-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ намуд ва дар иҷлосияи мазкур 5 декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии хок эълон карда шуда, аз соли 2014 дар саросари дунё  ҷашн гирифта мешавад. Ин боис шуд, ки дар тамоми дунё масъулин, мутахассисон  ва олимону донишмандони  соҳаи хокшиносӣ минбаъд ба илми хокшиносӣ ва қадру манзалати хоку об таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.
     Пас аз тасвиби ин рӯз ҳамасола дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон конференсияҳо, нишастҳо ва ҳамоишҳои илмиву оммавӣ ба ин муносибат  баргузор мешаванд.

Тоҷикӣ

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ТОҶИКОН!

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Панҷшанбе, 08-уми Сентябри соли 2022

            Санаи 08.09.2022,  дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеъи олимону кормандон ва меҳмонон ҷамъомади тантанави бахшида ба 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Саравал чорабинии идонаро ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доктори илмҳои кишоварзӣ Амиршоев Файзулло оғоз намуда ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муқадаст табрик намуда иброз доштанд, ки Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.

Тоҷикӣ

Фаъолияти интишорӣ

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Душанбе, 12-уми апрели соли 2021

Олимони институт дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон Анҷумани Якуми Хокшиносони Тоҷикистонро барпо намуда, зиёда аз 14 конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 73 семинари ҷумҳуриявӣ ва 160 рӯзҳои саҳроӣ гузаронида, дар 300 чорабиниҳои омӯзишии дохилу хориҷи кишвар иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар давоми 30 соли истиқлолият аз тарафи олимони Институт 36 китобу монография, 71-тавсиянома ва дастурамал, 1072 мақолаи илмӣ,  2 маҷмӯаи маводҳои конференсияи байналмиллалӣ нашр намуданд.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба RSS - Конфронсҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввар