«Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»
Санаи шашуми марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» № АП -480, аз 01 январи соли 2024 ва фармоиши раёсати АИКТ, №06 аз 08 январи соли 2024 бо иштироки намояндаи АИКТ Ҳасан Асоев сармутахассис оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ, директори Институт Хоҷаев Ш.И, котиби илмӣ Давлатова О.С, ходими калони илмии шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳо Зокирова М.Қ, олимони ҷавон ва кормандони муассиса баргузор гардид.