Душанбе, апрел 12, 2021

Равандҳои асосии фаъолият

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Душанбе, 12-уми апрели соли 2021

Самтҳои асосии фаъолияти Институт аз омӯзиши равандҳои хокшиносӣ, харитасозии хокҳо бо технологияҳои низоми иттилоотии ҷуғрофӣ (СИҶ), мониторинги агрокимиёӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок, коркарди низоми агроландшафтӣ ва биологикунонии кишоварзӣ, пешгирӣ намудани эрозияи хок, мелиоратсияи шӯрхокҳо, ботлоқзорҳо, хокҳои табиатан ҳосилхезии пастдоштаи санглох ва регзаминҳо иборат мебошанд.

Тоҷикӣ

Нишондодҳои умумии фаъолият дар 30 сол

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Душанбе, 12-уми апрели соли 2021

     Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар тули фаъолияти худ дар замони Шуравӣ ба бисёр комёбиҳои илмӣ ноил гаштааст, ки натиҷаҳои онҳо дар тамоми ҷабҳаҳои соҳаи кишоварзии мамлакат тадбиқ гардидааст. Пас аз пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, ки тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ру ба рушду нумуъ ниҳода буданд, рафти корҳои илмию тадқиқотӣ дар Институти хокшиносӣ ва агрохимия низ зина ба зина беҳтар гардида, ҳарчи бештар мавзӯҳои нави ба талаботҳои муосир ҷавобгу мавриди тадқиқотҳои илмии хокшиносию агрокимиё қарор дода шуданд, ки таҳлили амиқи онҳо чунин натиҷаю дастовардҳоро нишон медиҳанд:

Тоҷикӣ

Фаъолияти интишорӣ

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Душанбе, 12-уми апрели соли 2021

Олимони институт дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон Анҷумани Якуми Хокшиносони Тоҷикистонро барпо намуда, зиёда аз 14 конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 73 семинари ҷумҳуриявӣ ва 160 рӯзҳои саҳроӣ гузаронида, дар 300 чорабиниҳои омӯзишии дохилу хориҷи кишвар иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар давоми 30 соли истиқлолият аз тарафи олимони Институт 36 китобу монография, 71-тавсиянома ва дастурамал, 1072 мақолаи илмӣ,  2 маҷмӯаи маводҳои конференсияи байналмиллалӣ нашр намуданд.

Тоҷикӣ

Ҳамкориҳо бо муассисаҳои ҷумҳурӣ, иттиҳоди давлатҳои мустақим ва ташкилотҳои байналмиллалӣ

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Душанбе, 12-уми апрели соли 2021

     Дар тӯли 30 сол ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, бо КД ТоҷикНИИГиМ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Маркази илмии ҳифзи растаниҳои АИКТ  роҳандозӣ карда шудааст.

Тоҷикӣ

Дастовардҳои рақамии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Душанбе, 12-уми апрели соли 2021
PDF: 
Тоҷикӣ